Август 26, 2023 19:40 Asia/Dushanbe
  • Нақшаи Англия барои сохти пойгоҳи низомӣ дар шарқи Яман

Манобеи огоҳи яманӣ аз иқдоми неруҳои вижаи Англия барои сохти як пойгоҳи низомӣ дар шарқи Яман хабар доданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, гузоришҳои хабарӣ ҳокӣ аз он аст, ки неруҳои вижаи Англия бо ҳимояти аносури муздӯри дохилӣ дар Яман, дар Хадрамут мустақар шудаанд.

Бар асоси ин гузориш, неруҳои вижаи Англия дар манотиқи кишоварзии мутааллиқ ба шаҳрвандони яманӣ дар шарқи Яман бо ҳимояти Иморот мутамарказ шудаанд.

Ин нахустинборе нест, ки ахбору гузоришоти расонаӣ дар хусӯси ҳузури низомиёни хориҷӣ дар Яман мунташир мешавад.

Кохи Сафед 2 сол қабл номаеро дар хусӯси фаъолиятҳои низомиёни Амрико дар хориҷ аз марзҳои ин кишвар барои раиси Конгресс ирсол кард ва бар гузоришҳои мунташир шуда перомуни ҳузури низомиёни амрикоӣ дар Яман сиҳа гузошт, аммо муддаӣ шуд, ки ин ҳузур бо ҳадафи мубориза бо гуруҳҳои террористии Алқоида ва ДИИШ сӯрат мепазирад.

 

Барчасп