Мақоми амрикоӣ: Хурӯҷ аз Афғонистон рақибонро ҷасур кард
Узви Кумитаи неруҳои мусаллаҳи Маҷлиси намояндагони Амрико изъон кард, ки хурӯҷи неруҳои ғарбӣ аз Афғонистон сабаби ҷасуртар шудани руқабо шуда ва ин паёмро ба ҷаҳон ирсол кард, ки Вашингтон ҳечгоҳ дар канори муттаҳидонаш нахоҳад монад.
Майкл Валтз, узви кумитаи неруҳои мусаллаҳи Маҷлиси намояндагони Амрико гуф,т бовуҷӯди гузашти ду сол аз хурӯҷи неруҳои амрикоӣ аз Афғонистон, Вашингтон ҳануз авоқиби хурӯҷи шитобзада аз Афғонистонро эҳсос мекунад, тасмиме, ки ба руқабои Амрико нишон дод Вашингтон «дар канори муттаҳидони худ намеистад».
Вай афзуд, бо тарк кардани неруҳои амрикоӣ ва ғарбӣ аз Афғонистон, ин кишвар ҷавлонгоҳи руқабое монанди Чин ва Русия хоҳад шуд.
Бо ин ҳол, яке аз сухангӯҳои Шӯрои амнияти миллии Амрико дар гуфтугӯ бо «Факснюз» гуфт, ки давлати Амрико бо хурӯҷи комил аз Афғонистон манобеи низомӣ, иттилоотӣ ва дигарро озод кард ва ин мавзӯ сабаб шуд, Вашингтон омодагии беҳтаре барои муқобила бо таҳдидот, аз ҷумла ҷанги Украина дошта бошад.