Ҳушдори мақомот ва ниҳодҳои амниятӣ ба Натанияҳу дар бораи табаъоти афзоиши хушунат алайҳи фаластиниҳо
(last modified 2023-09-09T08:32:42+00:00 )
Сентябр 09, 2023 13:32 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори мақомот ва ниҳодҳои амниятӣ ба Натанияҳу дар бораи табаъоти афзоиши хушунат алайҳи фаластиниҳо
    Ҳушдори мақомот ва ниҳодҳои амниятӣ ба Натанияҳу дар бораи табаъоти афзоиши хушунат алайҳи фаластиниҳо

Бо тадовуми хушунат, ифротгароӣ ва нажодпарастии Кабинаи Бинямин Натанияҳу алайҳи фаластиниҳо, мақомот ва ниҳодҳои амниятии режим дар бораи табаъоти ин вазъ ҳушдор додаанд.

9 моҳ аз  оғоз ба кори Кабинаи Бинямин Натанияҳу дар Ирози ишғолӣ мегузарад. Илова бар буҳрони мудовим ва камсобиқаи дохилӣ, хушунат алайҳи фаластиниҳо низ  ба шиддат афзоиш ёфтааст. Бошгоҳи асири фаластинӣ эълом кард, ки аз ибтидои соли  ҷорӣ то кунун беш аз 5 ҳазор фаластинӣ ба боздошти низоимиёни исроилӣ даромадаанд. Ҳамчунин шумори шуҳадои фаластинӣ аз ибтидои соли ҷории мелодӣ, ки Кабинаи Натанияҳу рӯйи кор омад, то кнуун беш аз кули соли гузаштаи мелодӣ буд.

Бо тадовуми ин вазъият, саҳюнистҳо аъам аз мақомоти кунунӣ ва собиқ ва ҳамчунин ниҳодҳои амниятӣ дар бораи паёмадҳои сангини ин хушунат ҳушдор додаанд. Ёздаҳумин раиси Созмони ҷосусӣ ва террористии Мусод (2011-2016) дар суханоне ба интиқод аз рафтори режими саҳюнистӣ дар қиболи фаластиниҳо дар Каронаи Бохтарӣ пардохт ва онро «Апартаид» тавсиф кард.

Дар вокуниш ба Апартаиди саҳюнистӣ, доманаи амалиёти истишҳодии муборизони фаластинӣ дар ҳоли афзоиш аст ва мақомоти Исроил ба шиддат нигарони ноамнии шаракҳои саҳюнистнишин ба вижа шаҳракҳои воқеъ дар шимоли Каронаи Бохтарӣ ҳастанд. Мақомоти масъул дар Вазорати ҷанги ин режим ва ниҳодҳои амниятӣ дар бораи инфиҷори авзоъ дар минтақа ба далели иқдомоти вазири амнияти дохилаи ин режим  дар қиболи асирони фаластинӣ ҳушдор доданд. Мақомоти масъул дар Вазорати ҷанги Исроил вазъияти кунуниро ин гуна тавсиф кардаанд: « Дар як даст капсули оташнишонӣ ва дар дигарӣ шуълаафкан, минтақа дар оташ хоҳад сухт».

Рӯзи гузашта дар идомаи вокунишҳои фаластиниҳои режими саҳюнистӣ ва шаҳракнишинон, як навҷавони 17 солаи фаластинӣ дар амалиёти ҳамла бо силоҳи сард дар Қудси ишғолӣ 3 саҳюнистро захмӣ кард. Муҳаммад Ҳамолда, Сухангӯи ҷунбиши муқовимати исломии Ҳамос дар Қудси ишғолӣ таъкид кард. ки амалиёти ҳамла бо силоҳи сард, ки дар бахши қадимии шаҳри Қудс иттифоқ афдод посӯхи табии ба ҷиноёти душманони ишғолгари саҳюнистӣ аъам аз таъаруз ба Масҷидул-Ақсо, тахриби хонаҳои фаластиниён ва ё таъаруз ба занони озодаи фаластинӣ дар Ал-Халил буд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи эъломи расонаҳшои режими  ишғолгари Қудс тайи ҳамлоти фаластиниҳо дар манотиқи мухталифи Каронаи Бохтарӣ аз ибтидои соли ҷорӣ (2023) то кунун 36 саҳюнист аз ҷумла низоми шаҳракнишин ба ҳаолокат расида ва 109 фарди дигар захмӣ шудаанд. Рузномаи саҳюнистӣ дар гузорише шароити феълии режими саҳюнистиро бадтарин шароит дар ду даҳҳаи ахир тавсиф кард ва навишт, ки аз интифозаи дуввум ба ин су чунин вазъияте собиқа надоштааст. Бидуни тардид соли ҷорӣ сахттарин сол аз замони интифозаи дуввум дар ду даҳҳаи гузаштааст. Дар идоаи ин гузориш низ омадааст  «Умдаи амалиётҳои шаддид дар як соли ахир аз Ҷнин ва Ноблус ва дигар рустоҳҳои  ин манотиқ нишот гирифтаанд. Аммо чизе, ки ниҳодҳои амниятии Исроилро дар қиболи терроризм шигифтзада карда, ин аст, ки ин амалиётҳо ба тамоми Каронаи Бохтарӣ сироят кардааст».