Таъкиди дабири кулли СММ бар зарурати ҳимоят аз кишварҳои дар ҳоли тавсеа
(last modified 2023-09-16T13:14:23+00:00 )
Сентябр 16, 2023 18:14 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди дабири кулли СММ бар зарурати ҳимоят аз кишварҳои дар ҳоли тавсеа

Дабири кулли Созмони милал хост то аз кишварҳои дар ҳоли тавсеа дар арсаи байналмилалӣ ҳимоят шавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар "иҷлоси Гурӯҳи 77 кишварҳои дар ҳоли тавсеа ва Чин" дар Кубо, гуфт: "ҷаҳон натавонистааст ҳаққи кишварҳои дар ҳоли тавсеаро адо кунад".

Гутерриш ибрози умедворӣ кард, ки ин нишаст нуфӯзи ширкаткунандагонро дар мавзуоти бештаре тақвият кунад.

Вай ҳамчунин бар зарурати мусовоти байналмилалӣ барои эҷоди иҷмоъ ба манзури муқобила бо тағийроти обу ҳаво ва нобаробарӣ таъкид кард.

Дабири кулли Созмони милал хост то кишварҳои тавсеа ёфта, ки тавлидкунандаи газҳои гулхонаӣ ҳастанд, аз ҷумла Амрико ба хостаҳои фаъолони зист муҳитӣ мабнӣ бар сарфи ҳазина барои коҳиши тағийроти иқлимӣ, расидагӣ кунанд.