Дархости Созмони ҷаҳонии беҳдошт барои дастрасии комил барои огоҳӣ аз маншаи корона
(last modified 2023-09-17T12:19:22+00:00 )
Сентябр 17, 2023 17:19 Asia/Dushanbe
  • Дархости Созмони ҷаҳонии беҳдошт барои дастрасии комил барои огоҳӣ аз маншаи корона

Созмони ҷаҳонии беҳдошт дастрасии комил барои огоҳӣ аз маншаи вируси коронаро хостор шуд.

Ба гузориши ИРНА, Тедрос Адханом, мудири кулли Созмони ҷаҳонии беҳдошт аз Чин хост иҷозаи дастрасии комил барои огоҳӣ аз маншаи вируси корона диҳаду иттилооти бештареро дар ин бора ироа кунад.

Вай ҳамчунин барои эъзоми тиме ба Чин ҷиҳати анҷоми таҳқиқот дар бораи маншаи вируси корона дар сӯрати ироаи муҷаввиз эъломи омодагӣ кард.

Дархости Тедрос Адханом аз Чин дар ҳоле матраҳ шуда, ки маншаи бемории ҳамагири корона тақрибан бо гузашти чаҳор сол аз гузориши аввалин мавориди шуюи он дар шаҳри Вуҳони ин кишвар ҳамчунон номушаххас аст.