Сентябр 21, 2023 18:42 Asia/Dushanbe
  • Тафсир/ Ташдиди танишҳо байни Полша ва Украина: Қатъи кумакҳои низомӣ

Полша шомгоҳи чаҳоршанбе эълом кард, ки дигар ба Украина силоҳ намедиҳад. Дар баёнияе, ки танишҳои фазоянда байни ин ду муттаҳидро дар бурҳае ҳассос нишон медиҳад. Матеуш Мораветски, нахуствазири Полша гуфт: Мо дигар ҳеч силоҳеро ба Украина мунтақил намекунем. Вай тавзеҳ дод: «мо умдатан бар модернисозӣ ва таслиҳи сареъи артиши Полша тамаркуз мекунем то дар муддатзамони бисёр кӯтоҳе ба яке аз қудратмандтарин артишҳои заминӣ дар Аврупо табдил шавад.»

Мавзегирии ҷадид ва албатта ошкорои зидди украинии Полша нишондиҳандаи танишҳои фазоянда байни ду кишвар аст. Полша токунӯн нақши калидӣ дар заминаи ҳимоятҳои низомӣ ва таслеҳотӣ аз Украина дар ҷараёни ҷанги Русия ва Украина ифо карда ва гузаргоҳи аслии вуруду ирсоли кумакҳои Ғарб ба дохили Украин аст. Зимни инки Варшава худ низ токунӯн кумакҳои низомӣ ва таслеҳотии ҳангуфтеро равонаи Украина кардааст. Дар ин росто вазорати дифои Полша дар авохири июли 2023 эълом кард, ки ин кишвар аз ибтидои ҷанги Украина токунӯн се миллиард евро (3.31 миллиард доллар) кумаки низомӣ ба Киев ироа кардааст.

Бо ин ҳама бурузи масоили мухталифе мӯҷиби шикофи ҷиддӣ байни Полша ва Украина шудааст, ки албатта муҳимтарин амр дар ин замина ихтилоф бар сари содироти ғаллаи Украина ба кишварҳои аврупоӣ аст. Вазорати иқтисоди Украина рӯзи душанбе эълом кард, ки Киев ба далели эъмоли мамнӯъияти воридоти маҳсӯлоти украинӣ аз сӯи Полша, Маҷористон ва Словакия, алайҳи ин се кишвар ба Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ шикоят кардааст. Дар пайи ин иттифоқ, Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ рӯзи сешанбе эълом кард, ки Киев шикоятеро ба ин созмон ирсол карда ва хостори мушовара дар мавриди эъмоли мамнӯъияти воридоти ғаллоти Украина аз сӯии Полша, Словакия ва Маҷористон шудааст.

Полша пас аз шикояти Киев алайҳи Варшава дар Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ ба Украина дар бораи эҳтимоли қатъи кумакҳои худ ба ин кишвар ҳушдор дод.

Шимон Шинковский, вазири умӯри Иттиҳодияи Аврупоии Полша чаҳоршанбешаб гуфт: Агар афкори умумии Полша ба далели шикояти Украина аз Варшава дар Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ бо идомаи ҳимоятҳо аз Киев мухолифат кунад, мумкин аст, ҳимояти худ аз Украинаро мутаваққиф кунем.

Дар ҳамин иртибот нахуствазири Полша низ рӯзи чаҳоршанбе ҳушдор дод, ки дар сӯрати ташдиди ихтилофот миёни Киев ва Варшава, Полша феҳристи мамнӯъияти воридот аз Украинаро густариш хоҳад дод.

Матеуш Мораветски бо муттаҳам кардани Киев ба нотавонӣ дар дарки мизон бесуботии санъати кишоварзии Полша (ношӣ аз арзаи маҳсӯлоти кишоварзии Украин дар бозори ин кишвар), таъкид кард, Варшава тамоми шикоятҳо ва соири иқдомоти Киев алайҳи худро беасос медонад.

Се кишвари Полша, Маҷористону Словакия бо тасмими Иттиҳодияи Аврупо мухолифат карда ва мамнӯъияти муваққат бар воридоти ғаллоти Украинаро тамдид карданд, иқдоме, ки эҳтимолан хашми мақомоти Иттиҳодияи Аврупоро ба ҳамроҳ хоҳад дошт. Иттиҳодияи Аврупо дар 15 сентябр эълом кард, ки қасд дорад мамнӯъияти муваққати содироти ғаллоти Украина ба теъдоде аз кишварҳои шарқи Аврупоро ба ҳолати таълиқ дар оварад. Иттиҳодияи Аврупо дар маҳи 2023 қонӯниро тасвиб кард, ки бар асоси он воридоти гандум, зуррат ва тухми офтобгардон ба Булғористон, Маҷористон, Полша, Руминия ва Словакия барои муқобила бо хатари осеб дидагии кишоварзони ин кишварҳо ба далели қимати арзони ғаллоти украинӣ, мамнӯъ эълом карда буд. Украина яке аз таъминкунандагони умдаи ғаллот дар ҷаҳон ба шумор меояд ва пас аз лағви тавофуқи ғаллоти Дарёи Сиёҳ, барои содироти ғаллоти худ ба ҳамсоягонаш вобастааст.

Бо ин ҳол иқдоми ҷадиди се кишвари аврупоии ҳомии Украина дар ҷанг бо Русия, ки бархе аз онҳо монанди Полша дар ин замина нақшии асосӣ ифо намудаанд, нишон медиҳад, ки ин кишварҳо ҳозир нестанд то ба ҳар қимате ин пуштибониро идома диҳанд. Ҳамчунон ки мамнӯъияти вуруди ғаллоти украинӣ ба ин кишварҳо дар воқеъ дар росто ҳимоят аз кишоварзони худ ва низ вокунише ба содироти маҳсӯлоти бекайфият аз ҷониби Украина аст. Дар айни ҳол шояд битавон ин иқдомро оғозе бар поён додан ба ҳимоятҳои беҳаду ҳаср аз Украина донист, ки албатта ин пуштибониҳо, ки дар абъоди мухталифи низомӣ, таслеҳотӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ сӯрат мегирад вокуниши манфии мардумро дар бисёре аз кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла дар Аврупои Шарқӣ ба дунбол доштааст.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп