Трамп ғоиби мунозираи интихоботи дувуми ҷумҳурихоҳон
(last modified Tue, 26 Sep 2023 14:49:35 GMT )
Сентябр 26, 2023 19:49 Asia/Dushanbe
  • Трамп ғоиби мунозираи интихоботи дувуми ҷумҳурихоҳон
    Трамп ғоиби мунозираи интихоботи дувуми ҷумҳурихоҳон

Кумитаи миллии ҷумҳурихоҳони Амрико эълом кард раиси ҷумҳурии собиқи Амрико дар интихоботи раёсати ҷумҳурии 2024 ин кишвар аз ширкат дар мунозираи дувум ҳам сарфиназар карда аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, кумитаи милли ҷумҳурихоҳони Амрико феҳрасти асомии ҳафт номзади раёсати ҷумҳурии ин ҳизбро, ки қарор аст дар дувумин мунозираи интихоботи ширкат кунанд мунташир кард, ки монанди мунозираи аввал номи Доналд Трамп раиси ҷумҳурии собиқи Амрико дар он дида намешавад ва дар ин барнома ҳам бедуни ҳузури Трамп баргузор мешавад.

Ҷудо аз Доналд Трамп, ки ба сурати ихтиёри аз ҳузур дар мунозира сарфи назар кард "Asa Hutchinson" фармондори собиқи Арканзас ҳам ки дар мунозираи аввал ҳузур дошт дар ин мунозира ширкат намекунад.

Қарор аст дувумин мунозираи номзадҳои ҳизби ҷумҳурихоҳ рузи чаҳоршанбе ба мизбонии шабакаи тиҷории " Fox News" шабакаи телевизионии испаняӣ забон дар иёлати муттаҳидаи Амрико ва дар китобхонаи раёсати ҷумҳурии Роналид Рейган дар шаҳри " Simi Valley" иёлати Калифорния баргузор шавад.