Созмони ҳамбастагии кишварҳои исломӣ таркишҳои террористии Покистонро маҳкум кард
(last modified Sat, 30 Sep 2023 05:52:21 GMT )
Сентябр 30, 2023 10:52 Asia/Dushanbe
  •  Созмони ҳамбастагии кишварҳои исломӣ таркишҳои террористии Покистонро маҳкум кард

Созмони ҳамбастагии кишварҳои исломӣ ҷумъашаби таркишҳо(инфиҷорҳо)и террористӣ дар Покистонро, ки мӯҷиби куштаву захмӣ шудани шумори зиёде аз мардум шуд, маҳкум карданд.

Рӯзи ҷумъа танҳо соъоте пас аз инфиҷори хунин бо 52 кушта дар Балӯчистони Покистони алайҳи ширкаткунандагон дар роҳпаймоии мелоди Алнабӣ ( с ) ду ҳамлаи интиҳори(маргталабона)и дигар дар шимолу ғарби ин кишвар 3 кушта барҷой гузошт .
Як посгоҳи полис ва масҷид дар шаҳри  " Ҳангу " воқеъ дар иёлати Хайбарпахтунхоҳ дар шимолу ғарби Покистон ҳадафи ҳамлаи муҳоҷимони интиҳорӣ қарор гирифт.
Дар ин ду иқдоми террористӣ, ки дар ҳини иқомаи намози ҷумъа дар масҷиди наздик ба посгоҳи полиси Покистон сурат гирифт, 3 нафар ҷони худро аз даст доданд ва теъдоди дигар аз ғайринизомиён захмӣ шуданд .Ба гузориши ИРНА, шайх Муҳаммад бин Абдулкарим Алсо-дабири кулли Созмони ҳамбастагии кишварҳои исломӣ дар баёнияе эълом кард, ки омилони ин иқдоми ҷинояткорона аз ҳар гунаи мафҳуми дину инсоният бегона ҳастанд.
Вай зимни таслият ба хонавода, давлат ва миллати Покистон барои маҷрӯҳони ин ҳодисаи террористӣ талаби беҳбудии комил кард.
Ҷосим Муҳаммад Ал-Бадайвӣ-дабири кулли Шӯрои ҳамкории халиҷи Форс низ дар баёнияе ҳамла ба намозгузорон дар устони Балӯчистон дар ҷануби ғарби Покистонро башиддат маҳкум кард . Ал-Бадайвӣ ин ҳодисаи дарднокро ба миллат, давлати Покистон ва хонаводаи қурбониёни он таслият гуфт.
Дабири кулли Шӯрои ҳамкории халиҷи Форс ҳамчунин бори дигар мавзеи собити ин шӯроро эълом ва таъкид кард, ки мухолифи комили анвоъи хушунат, тундравӣ ва тероризм аст, ки суботу амниятро барҳам мезанад ва поймолкунандаи арзишу усули инсонӣ аст .
Ҳамлаҳои террористии рӯзи ҷумъа дар Покистон дар ҳоле анҷом мешавад, ки миллионҳо нафар аз ошиқони Паёмбари гиромии ислом ( с ) ба муносибати 12 рабеъил аввал ва ҳафтаи Ваҳдат дар ҷашнҳои ин айём ҳузур ёфта ва ба сурати густарда дар иҷтимоъоти мардумӣ дар шаҳрҳои мухталиф ширкат мекунанд.
Таи моҳҳои ахир гуруҳҳои террористии ДИИШ ва таҳрики Толибони Покистон масъӯлияти бисёре аз бомбгузориҳову ҳамалоти интиҳорӣ дар устонҳои Балӯчистону Хайбарпахтунхоҳро бар уҳда гирифтаанд.

Бештар бихонед :