Октябр 08, 2023 18:04 Asia/Dushanbe
  • Садри аъзами Олмон аз амалиёти «Тӯфони ал-Ақсо» ба ҳайрат афтод

Садри аъзами Олмон бо интишори паёме аз ҳайрати худ аз амалиёти муваффақиятомези муқовимати Фаластин (Тӯфони Ал -ақсо) хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ҳамзамон бо иҷрои муваффақиятомези амалиёти муқовимати Фаластин (Тӯфони Алақсо), алайҳи режими ишғолгари саҳюнистӣ, Олаф Шолтс , садри аъзами Олмон бо интишори паёме дар шабакаи иҷтимоии “Х” дар ин бора навишт: “Имрӯз хабарҳои ваҳшатноке аз Исроил мерасад. Мо амиқан аз амалиёти Тӯфони Алақсо ҳайрон шудаем”.

Размандагони муқовимати Фаластин аз субҳи шанбе амалиёти ҳамаҷониба ва беназири худ бо номи «Тӯфони ал-Ақсо»-ро аз Ғазза алайҳи мавозеъи режими саҳюнистӣ дар сарзаминҳои ишғолӣ оғоз кардаанд.

Ин амалиёти ҳамаҷониба ва печидаи муқовимати Фаластин, ки аз тариқи тунелҳо, рӯи замин, дарё ва ҳаво ба ҳамроҳи шиллики ҳазорон ракету мӯшак ба сарзаминҳои ишғолӣ сӯрат гирифта, токунӯн мӯҷиби ҳалокати ҳаддиақали 300 саҳюнист ва захмӣ шудани беш аз якҳазору 600 саҳюнисти дигар шудааст.

 

Барчасп