Хушунати полиси Фаронса алайҳи ҳомиёни Фаластин
Интишори видеои дорои тасовири рафтори хушунатомези неруҳои полиси Фаронса алайҳи як тазоҳуркунандаи тарафдори мардуми Фаластин дар фазои маҷозӣ, хашми корбаронро барангехт.
Дар ин видео, ки тасовире аз бозҷӯии яке аз тазоҳуркунандагони ҳомии Фаластинро нишон медиҳад, неруи полиси Фаронса сари вайро рӯи замин гузошта ва бидуни тавваҷуҳ ба эътирози шадиди атрофиён, онро лагадкӯб мекунад.
Ин тазоҳурот панҷшанбешаб дар ҳимоят аз Фаластин ва дар чандин кӯчаи мунтаҳӣ ба майдони “Ҷумҳурӣ”-и Порис баргузор шуд.
Тазоҳуркунандагон бо вуҷуди маҳдудиятҳову тадобири шадиди амниятӣ бо дар даст доштани парчами Фаластин шиорҳое дар интиқод аз ҳамдастии Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳурии Фаронса бо режими саҳюнистӣ сар доданд.
Олмону Фаронса бо эъмоли маҳдудият дар баргузории тазоҳуроти зиддисаҳюнистӣ дар рӯзҳои ахир, садҳо нафарро ба далели ҳимоят аз Фаластин боздошт ва ҷарима кардаанд.