Декабр 30, 2016 18:32 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши 56 дарсадии кушта шудани афсарони полиси Амрико

Аз ибтидои соли 2016 то кунун дастикам 135 афсари полиси амрикоӣ ҳангоми анҷоми вазифа кушта шудаанд, ки нисбат ба муддати мушобеҳи соли қабл 56 дарсад афзоишро нишон медиҳад.

Ба гузориши “Асошейтедпресс”, аз миёни 64 полисе, ки бар асари тирандозӣ кушта шуданд, 21 нафар дар ҳамалоти ғофилгирона ҷон бохтанд, ки ағлаб дар натиҷаи хашми мардум аз иқдомоти хушунатомези полиси Амрико зидди гурӯҳҳои ақалият дар ин кишвар аст.

Крейг Флоуд, раиси Сандуқи миллии ёдбуди афсарони полиси Амрико гуфт, ба ёд надорад, ки дар гузашта ин теъдод аз афсарони полис дар ҷараёни тирандозиҳо кушта шаванд.

Ҳафтуми июл, дар поёни тазоҳуроти мусолиматомез зидди падидаи хушунати полис дар шаҳри Долоси иёлати Техас, панҷ нерӯи полис дар тирандозии як омили тактирандоз кушта шуданд.

Ду ҳафта баъд, як марди мусаллаҳ дар шаҳри Батон-Руж, бо тирандозӣ ба самти афсарони полис, се нафарро кушт ва се нафари дигарро захмӣ кард.

Ин тирандозӣ баъд аз он рӯй дод, ки як марди сиёҳпӯсти 37 сола ба номи Алтон Стерлинг ба дасти нерӯҳои полиси Амрико кушта шуд.

 

Барчасп