Октябр 27, 2023 16:21 Asia/Dushanbe
  • Маҳкумияти ҷинояҳои режими Исроил алайҳи мардуми Ғазза аз сӯи шахсиятҳои барҷастаи ҷаҳон
    Маҳкумияти ҷинояҳои режими Исроил алайҳи мардуми Ғазза аз сӯи шахсиятҳои барҷастаи ҷаҳон

298 тан аз чеҳраҳои саршиноси ҷаҳон дар номае ба дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ дар куштори занону кӯдакони фаластинии бедифоъро маҳкум карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, 298 нафар аз шахсиятҳои саршиноси ҷаҳон бо ирсоли як нома аз Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милал хостори мудохилаи фаврии ин созмон барои поён додан ба ҷиноятҳои ҷангӣ ва куштори ваҳшиёнаи Исроил дар ҳамла ба Ғазза ва Каронаи бохтарӣ навиштанд: Созмони Милали Муттаҳид, ба вижа дабири кулли ин созмон аз ҳеч талоше  барои поён додан ба ҷиноёти Исроил дар Ғазза, барқарории оташбаси фаврӣ ва талош барои тартиб додани ирсоли фаврии кумакҳои башардӯстона ба навори Ғазза дареғ накунад.

Имзокунандагони ин нома афзуданд: Исроил дар ҳамла ба навори пурҷамъияти Ғазза, бо ҳадаф қарор додани зерсохтҳои ғайринизомӣ, аз ҷумла биноҳои истиқоматӣ, мактабҳо, бемористонҳо, ёрии таъҷилӣ, масҷидҳо, роҳҳои пур аз мардуми дар ҳоли фирор ва  корхонаҳои тавлиди маводи ғизоӣ, огоҳона қонунҳои байналмилалиро нақз карда ва мустақиман таҷаммуоти ғайринизомиёнро ҳадаф қарор додааст.

Дар идомаи ин нома бо ишора ба эъломияи созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар, аз ҷумла Дидбони ҳуқуқи башар омадааст: Исроил аз фосфори сафед дар Ғазза ва Лубнон истифода кардааст, ки истифодааш ғайриқонунӣ аст ва ҳангоми таркиш дар манотиқи пурҷамъияти шаҳрӣ, бидуни ҳеч тамоизе метавонад хонаҳоро бисӯзонад ва садамоти ваҳшатноке ба ғайринизомиён ворид кунад. Фосфори сафеде, ки дар ҳарорати бештар аз 800 дараҷа месӯзад, ки оҳанро ба роҳатӣ об мекунад.

Муаллифони ин нома изҳор доштаанд: Ба гуфтаи коргарон ва масъулони СММ, дар Ғазза ҷои амне вуҷуд надорад, Ғазза таҳти муҳосираи комил ва бомбаборони пайваста қарор дорад ва бо пур шудани бемористонҳо, камбуди васоили пизишкӣ, қатъи нерӯи барқ ​​ва об аз ҷониби  Исроил ва коҳиши захираҳои ғизоӣ бар асари муҳосира, вазъи башарии мардуми осоишта ноумедкунанда аст.

Дар поёни ин нома гуфта мешавад, То замоне ки Исроил мутаваққиф нашавад ва барои ҷиноятҳое ки дар Ғазза ва Каронаи бохтарӣ муртакиб мешавад, посухгӯ набошад, бидуни тарс аз муҷозот ба куштан ва маълул кардани мардум ва тамасхури қонунҳои байналмилалӣ идома хоҳад дод

 

Барчасп