Таҳаввулоти Ғазза - меҳвари дидори Амирабдуллоҳиён ва Эрдуғон
Вазири умури хориҷаи Эрон ва раиси ҷумҳурии Туркия таҳаввулоти Ғаззаро баррасӣ карданд.
Дар дидори Ҳусайни Амирабдуллоҳён, вазири умури хориҷаи Эрон ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳурии Туркия дар Анкара, ду тараф дар хусуси охирин таҳаввулоти минтақа ва масъалаи таваққуфи ҷанг дар Ғазза табодули назар карданд.
Амрабдуллоҳиён, ки ба Анкара сафар кардааст, пеш аз дидор бо Эрдуғон, бо Ҳокон Фидон, вазири умури хориҷаи Туркия дидору гуфтугӯ кард.
Гуфтанӣ аст, вазири умури хориҷаи Эрон бомдоди чаҳоршанбе ба манзури дидору гуфтугӯ бо мақомоти Туркия, вориди Анкара шуд. Ин дуюмин мақсади сафари минтақаии Амирабдуллоҳиён ва ройзанӣ дар хусуси масоили Фаластин ва ҳамалот ба Ғазза аст.
Амирабдуллоҳиён рӯзи гузашта дар нахустин мақсади худ ба Доҳа сафар кард ва бо шайх Тамим бин Ҳамд оли Сонӣ, амири Қатар, Муҳаммад бин Абдурраҳмон бин Ҷосим оли Сонӣ, нахуствазир ва вазири умури хориҷаи ин кишвар ва Исмоил Ҳания, раиси дафтари сиёсии Ҷумбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) дидору ройзанӣ кард.