Густариши равобити фанниву низомии Русия ва Эрон
(last modified Wed, 22 Nov 2023 13:35:05 GMT )
Ноябр 22, 2023 18:35 Asia/Dushanbe
  • Равобити фаннӣ - низомии Теҳрон - Маскав
    Равобити фаннӣ - низомии Теҳрон - Маскав

Русия аз густариши равобити фанниву низомӣ бо Эрон хабар дод.

Ҷон Керби, ҳамоҳангкунандаи Шӯрои амнияти миллии Кохи Сафед рӯзи сешанбе дар идомаи сиёсати хасмонаи Ғарб алайҳи Эрон ва Русия иддао кард, Теҳрон теъдоди қобили таваҷҷуҳе паҳпод, бомбаву тӯпхона ба Маскав дода ва мумкин аст дар ҳоли баррасии интиқоли мушакҳои боллистик ба Русия бошад.

Дмитрий Песков, сухангӯи кохи Кремл рӯзи чаҳоршанбе бар густариши равобити фаннӣ - низомӣ бо Теҳрон таъкид кард.

Песков дар вокуниш ба иддаои бепояву асоси Амрико дар мавриди арзаи мушакҳои болистики эронӣ ба Русия афзуд: Мо дар ҳоли густариши равобит бо Теҳрон, аз ҷумла дар заминаи ҳамкории фаннӣ - низомӣ ҳастем, аммо дар мавриди ин иттилоот изҳори назар намекунем.

Ғарб ва ба вижа Амрико чандин бор иддаоҳое дар мавриди ирсоли паҳподҳои эронӣ ба Русия барои истифода дар ҷанги Украина матраҳ кардааст, иддаое ки Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон қотеона онҳоро рад кардааст.