Ҳафт руйдоди муҳимми сиёсии ҷаҳон дар соли 2016
(last modified Sun, 01 Jan 2017 10:38:26 GMT )
Январ 01, 2017 15:38 Asia/Dushanbe

Ҷаҳон дар соле, ки гузашт шоҳиди рӯйдодҳои талху ширини зиёде буд ва нотавонии Созмони Милали Муттаҳид ва Ғарб дар маҳори бисёре аз буҳронҳо аз ҷумла мубориза бо терроризм ва буҳрони оворагон, аз нукоти қобили тааммули соли 2016 буд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, густариши буҳрони оворагон ва ҳамалоти террористӣ дар ҷаҳон муҳиммтарин рӯйдодҳои сиёсии соли 2016-ро рақам заданд.

Имзои қарордоди ҳамкории ҳастаӣ миёни Эрон ва гурӯҳи 5+1 (БАРҶОМ) дар чаҳоруми июл ва кудатои нофарҷоми Туркия дар 16 июли 2016 низ дар зумраи муҳиммтарин рӯйдодҳои соли гузашта буд.

Хурӯҷи Англия аз Иттиҳодия Аврупо, пирӯзии Трамп дар интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико ва озодии Ҳалаби Сурия низ аз дигар рӯйдодҳои муҳимми соли 2016 буд.