Декабр 17, 2023 20:11 Asia/Dushanbe
  • Дархости даҳҳо ҳазор австралиягӣ барои оташбас дар Ғазза+видео

Даҳҳо ҳазор нафар аз муътаризони ҳомии Фаластин барои даҳумин якшанбеи паёпай (имрӯз) аз замони оғози ҷанги Ғазза, дар хиёбонҳои шаҳри Мелбурн, Австралия хостори барқарории оташбас шуданд.

Ба гузориши хабаргузории Анатолия, хиёбонҳои аслии шаҳри Мелбурн, имрӯз (якшанбе) боз ҳам дар 72-умин рӯз аз ҷиноёти саҳюнистҳо бо муътаризоне пур шуд, ки даҳҳо бор аз замони шурӯи ҷанг тақозои оташбас карда буданд.

Ин гузориш афзуд, «танҳо як роҳи ҳал вуҷӯд дорад, Инқилоби интифоза инҳо бахше аз шиорҳои ҳомиёни фаластинӣ дар Австралия аст, ки дар ҳоле, ки парчамҳои Фаластинро ҳамл мекарданду порчаи навиштаҳои бо мазомини «ҳамин ҳоло оташбас кунед» ба даст гирифта буданд, фарёд мезаданд.

(Интифоза, як вожаи арабӣ аст, ки ба мафҳӯми «қиём» аст, ки дар асл ба ҷумбишҳои муқовиматии мардуми Фаластин дар муқобили режими саҳюнистӣ ишора дорад).

Ҳомиёни фаластиниён дар шаҳри Мелбурни Австралия ҳамчунин дар ҷараёни роҳпаймоии эътирозии худ хостори таҳрими «Starbucks», ширкатҳои кофешопҳои занҷираии Амрико бо беш аз 28 ҳазор шуъба дар саросари ҷаҳон, ба далели ҳимоят аз ҷиноёти режими саҳюнистӣ шуданд.

Ҳаштаги «# boycottstarbucks» (Starbucks таҳрим кунед) дар ҳудӯди панҷ ҳазор бор дар фазои маҷозӣ мунташир шуда ва дар бозаи замонии 30 рӯза беш аз 42 миллион бор боздид хӯрдааст.

Image Caption

 

 

Барчасп