Таҳлил : Тасвиби қатъномаи Шӯрои амният дар бораи Ғазза ,гоми лозим аммо нокофӣ
(last modified 2023-12-23T09:49:02+00:00 )
Декабр 23, 2023 14:49 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил : Тасвиби қатъномаи Шӯрои амният дар бораи Ғазза ,гоми лозим аммо нокофӣ
    Таҳлил : Тасвиби қатъномаи Шӯрои амният дар бораи Ғазза ,гоми лозим аммо нокофӣ

Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳида рӯзи ҷумъаи 22 декабр қатъномае барои афзоиши кумакҳо ба Ғазза бидӯни дархости оташбас тасвиб кард . Амрико ва Русия ду узви доими Шӯрои амният ба ин қатънома райи мумтанеъ доданд . 13 узви дигар бо қатънома мувофиқат карданд.

Намояндаи Иморот дар Созмони Милал дар тавзеҳи қатъномаи тасвиб шуда гуфт : « Қатъномае, ки Иморот ироа карда хостори афзоиши кумакҳои инсонӣ ба Ғаззау ва интисоби як ҳамоҳангкунандаи умӯри инсони ҷиҳати тасҳили вуруди кумакҳои инсонӣ ба навор Ғазза аст .»

Амрико дархости Русия барои гунҷонда шудани банде барои « таваққуфи фаврӣ ва  пойдори хусуматҳо » дар матни ин қатъномаро вето кард . Маскав иқдоми Вашингтонро дар ростои талоши ин кишвар барои тазмини куштори мардуми Фаластини тавассути Исроил тавсиф кард. Намояндаи Русия дар Созмони Милал гуфт : « Вашингтон дар ҳоли анҷоми бозии нобакоронае барои гунҷондани муҷаввизи куштори ғайринизомиҳои фаластинӣ тавассут Исроил аст .»

Гилади Ардани намояндаи режими саҳюнистӣ дар Созмони Милали зимни ради қатъномаи Шӯрои амният иддао кард, ки тамаркузи Созмони Милал бар механизмҳои кумак ба Ғазза ғайри зарурӣ аст ва бо воқеият фосила дорад .

Дар муқобили Ҷумбиши муқовимати исломии Фаластин ( Ҳамос ) қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони Милал дар бораи Ғаззаро « гомии нокофӣ » барои поён додан ба даргириҳо ва  расидагӣ ба буҳрони инсонӣ дар Ғазза тавсиф кард. Ҳамос дар баёнияе эълом кард Шӯрои амният вазифа дорад нисбат ба « вуруди мақоири кофии кумакҳои инсонӣ ба тамомии навоҳии Навори Ғазза ба вижа дар манотиқи шимолии итминон ҳосил кунад . » Гурӯҳи Ҳамос илова бар ин гуфта. ки қатъномаи Шӯроӣ амният боисти хостори таваққуфи фаврии амалиёти низомии Исроил дар Ғазза мешуд.

Тасвиби ин қатънома дар ҳоле сӯрат гирифт, ки тайи рӯзҳои гузашта райгирӣ дар бораи он чаҳор бор ба таъвиқи афтода буд . Саранҷом намояндаи Амрико рӯзи ҷумъа эълом кард омодаи рай додан ба матни ислоҳ шудаи ҷаддид аст . Аз замони оғози ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба Навори Ғазза дар 7 октябри Вашингтон ба пуштибонии комил аз амалиёти низомӣ ва бомбборони Навори Ғазза тавассути режими саҳюнистӣ пардохта аст. Дар буъди сиёсӣ ва  дипломотик низ Иёлоти Муттаҳидаи чандини қатъномаро, ки хостори барқарории оташбаси фаврӣ дар Ғазза буда вето карда ва ба баҳонаи ҳақи режими саҳюнистӣ барои дифоъ аз худ ба тадовуми ин ҳамалот чароғ сабз додааст .

Ин дар ҳоле аст, ки фаъолони ҳуқуқи башар ва бархе аз коркунони ниҳодҳое монанди Вазорати хориҷа, Вазорати амнияти дохилии Амрико ва ҳатто кор омӯзони Кохи Сафед борҳо аз Байден хостаанд Тел-Авимро барои поён додан ба амалиёте, ки мунҷар ба шаҳид ва захмӣ шудани ҳазорон нафар аз аҳолии Ғазза, ки бештари онҳоро занону кӯдакон ташкил медиҳанд таҳти фишор қарор диҳад .

Акнӯн бо инки билохира бунбасти тасвиби қатънома дар Шӯрои амнияти Созмони Милал дар бораи ҷанги Ғазза шикаста шуда аммо ҳамчунон масъалаи асосӣ яъне илзомии режими саҳюнистӣ барои оташбас дар ҷанги Ғазза нодидаи гирифта шудааст. Ин амр дар ростои риояти шарти номашрӯъ ва  золимонаи Амрико яъне адам гунҷондани дархости оташбас дар ҳар пеш нависи қатънома барои мувофиқат ё райи мумтанеъ додан ба қатъномаи Шӯрои амният лиҳоз шудааст .

Ин масъала албатта бо интиқод ва  эътироз ҳам аз ҷониби аъзои Шӯрои амният ва ҳам Созмонҳои ҳуқуқи башарии мувоҷеҳ шудааст. Дар ин намояндаи доими Русия дар Созмони Милал эълом кард, ки Маскав қатъномаи башардӯстонаи ҷаддиди Шӯрои амнияти Созмони Милал дар мавриди навори Ғаззаро танҳо ба далели ҳамбастагӣ бо кишварҳои арабӣ вето накардааст. Ба вижаи инки Маскави пешниҳод гунҷондани банде барои « таваққуфи фаврӣ ва  пойдори хусуматҳо »ро ироа намуда буд, ки Вашингтон онро вето кард .

Созмонҳои ҳуқуқи башарӣ низ аз тасвиби қатъномае дар Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид, ки хостори оташбас дар Ғазза нест интиқод кардаанд. Ҷисиюн Лӣ,  мудири омили муассисаи « Кӯдаконро наҷот диҳед » дар вокуниш ба тасвиби ин қатънома гуфт ҳар иқдоми камтар аз дархости оташбас танҳо дар хизмат афзудан ба ранҷи куштор, беморӣ ва  қаҳтии кӯдакони Ғазза хоҳад буд. Созмони Oxfam ҳам эълом кард, ки адами ҳимоят аз оташбаси баъд аз панҷ рӯз ба таъвиқ андохтани райгирӣ дар Шӯрои амният « ғайриқобили дарак ва  комилан сангдилона аст.

Кумитаи наҷоти байналмилалӣ низ дар баёнияе алирағми истиқбол аз тасвиби ин қатънома барои афзоиши кӯмакҳо ба Ғазза гуфт : « Возеҳ аст, ки ба анҷоми корҳои бештарӣ ниёз аст. » Ин Созмон дар ин баёнияе тасреҳ кард : « Зербинои иқдомоти Шӯрои амният боисти маншури Милали Муттаҳид ва  қавонини байналмилалӣ бошад . Ин даргириҳо таҳдиди ошкор барои сулҳу амнияти байналмилалӣ аст ва  ҳуқуқи ғайринизомиёни зайл қавонини байналмилалӣ мавриди бе эътиноӣ қарор гирифтааст . »

Бо вуҷӯди тасвиби қатъномаи ахири Шӯрои амният, ки сароҳатан хоҳони тасҳил ва афзоиши кумакҳои башардӯстона барои аҳолии Ғазза аст, аммо режими саҳюнистӣ бо чароғи сабз ва  ҳимоятҳои сиёсӣ ва низомии Иёлоти Муттаҳида ва бо пуштгармӣ ба мухолифати Вашингтон бо ҳаргуна қатъномае, ки дар масири иқдомоти ҷинояткоронаи ин режим алайҳи фаластиниҳо монеъ ё маҳдӯдият ба вуҷӯд оварад ҳамчунон ба кӯштор бе раҳмонаи мардуми Ғазза идома медиҳад .

Барчасп