Баргузории Маҷмаи ҷаҳонии занони мусулмон бо мушорикати Эрон
(last modified Sat, 20 Jan 2024 12:56:14 GMT )
Январ 20, 2024 17:56 Asia/Dushanbe
  • Баргузории Маҷмаи ҷаҳонии занони мусулмон бо мушорикати Эрон

Нахустин Маҷмаи ҷаҳонии занони мусулмон 2024 бо мушорикати Эрону Малайзия дар Донишгоҳи Путраи Малайзия дар Куала-Лумпур баргузор шуд.

Ҷумҳурии Исломии Эрон бо илҳом аз омӯзаҳои Қуръону мактаби аҳли байт (а) нақши бебадилро барои ҳузури иҷтимоии занон дар ҷомеъа ва саҳнаҳои байналмилалӣ, қоил аст.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, нахустин Маҷмаи ҷаҳонии занони мусулмон 2024 бо мушорикати Эрону Малайзия ва ҳузури бархе андешмандону соҳибназарон бо унвони "нақши занони мусулмон дар шаклдиҳӣ ба ислоҳоти иҷтимоӣ" дар Малайзия баргузор шуд.

Дар ин нишаст бархе шахсиятҳои мусулмон аз Эрон, Австралия, Африқои Ҷанубӣ, Канада , Сингапуру Малайзия дар қолаби даҳҳо мақола ва суханронӣ роҳкорҳоеро барои тақвияту тавонмандсозии нақши бонувони мусулмон дар рушд, тавсеа ва иртиқои миллатҳои мусулмон ироа карданд.

Қудратбахшидан ба бонувони мусулмону нақши муассири онон дар арсаи сиёсати байналмилал бавижа дифо аз ҳуқуқи занону кӯдакони бепаноҳи Фаластин, баррасии ҷойгоҳи зани мусулмон дар омӯзаҳои исломӣ ва дидгоҳҳои навзуҳӯр, ҳуқуқу масъӯлиятҳо ва ҳамчунин баҳрагирӣ аз абзорҳои рӯз бо нигоҳи мутаъолии дин аз муҳимтарин меҳварҳои матраҳ шуда дар нахустин Маҷмаи ҷаҳонии занони мусулмон 2024 буд.