Август 01, 2016 12:45 Asia/Dushanbe
  • Попи Франсис: Ҷаҳон даргири ҷанг аст, аммо ин ҷанг маҳсули мазҳаб нест
    Попи Франсис: Ҷаҳон даргири ҷанг аст, аммо ин ҷанг маҳсули мазҳаб нест

Попи Франсис, раҳбари католикҳои ҷаҳон, муртабит донистани ислом бо хушунатро иштибоҳ хонда ва гуфтааст, як гурӯҳи кӯчаки ифротгаро тақрибан дар ҳамаи мазоҳиб вуҷуд дорад ва мо католикҳо ҳам аз ин афрод дорем.

Попи Франсис, раҳбари католикҳои ҷаҳон, муртабит донистани ислом бо хушунатро иштибоҳ хонд ва гуфт: Беадолатӣ ва пулпарастӣ аз далоили аслии шаклгирии терроризм аст.

Ба иттилои Ирно, Попи Франсис ба хабарнигорон гуфт: Ба эътиқоди ман дуруст нест, ки исломро бо хушунат муртабит бидонем, ин амр воқеият надорад.

Попи Франсис дар посух ба суоле дар бораи кушта шудани як кишиши 85 солаи католик бо заработи корд дар ғарби Фаронса ва ба уҳда гирифтани масъулияти ин ҷиноят аз сӯи ДИИШ гуфт: Як гурӯҳи кӯчаки ифротгаро тақрибан дар ҳамаи мазоҳиб вуҷуд дорад ва мо католикҳо ҳам аз ин афрод дорем.

Раҳбари католикҳои ҷаҳон таъкид кард: Куштани ин кишиш дар Фаронса ва дигар ҳамалоти дигар собит мкунад, ки ҷаҳон даргири ҷанг аст, аммо ин ҷанг маҳсули мазҳаб нест.

Попи Франсис набуди фурсатҳои иқтисодӣ барои ҷавонон дар Аврупоро аз авомили шаклгирии терроризм донист ва афзуд: Ҳамчунин терроризм вақте рушд мекунад, ки пул ба Худо табдил мешавад ва ба ҷои фард дар конуни иқтисоди ҷаҳон қарор мегирад.

Барчасп