Интисоби нахустин муовини мусулмони нахуствазир дар Руминия
https://parstoday.ir/tg/news/world-i11182-Интисоби_нахустин_муовини_мусулмони_нахуствазир_дар_Руминия
Раиси ҷумҳурии Руминия пас аз мухолифат бо интисоби як зани мусулмон ба унвони нахуствазири ин кишвар, ӯро ба унвони муовини нахуствазир муаррифӣ кард.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Январ 04, 2017 19:13 Asia/Dushanbe
  • Интисоби нахустин муовини мусулмони нахуствазир дар Руминия

Раиси ҷумҳурии Руминия пас аз мухолифат бо интисоби як зани мусулмон ба унвони нахуствазири ин кишвар, ӯро ба унвони муовини нахуствазир муаррифӣ кард.

Ба гузориши хабаргузории Анадолу, Клоус Йоҳаннис асри рӯзи сешанбе бо судури баёнияе, аъзои ҳайати нави давлати ин кишварро эълом кард, ки аз 26 вазири ташкилшуда ва барои нахустин бор як зани мусулмон ба унвони муовини нахуствазир муаррифӣ шудааст.

Бар асоси ин гузориш, раиси ҷумҳурии Руминия, ки пештар Сорин Гриндеано сиёсатмадори 43-сола ва вазири пешини иртибототи ин кишварро ба унвони нахуствазири муаррифӣ карда буд, дар баёнияи худ Севил Шайде сиёсатмадори 52-соларо бо ҳифзи симати вазири тавсиаи минтақае, ба унвони муовини нахуствазир муаррифӣ кард.

Раиси ҷумҳурии Руминия пештар бо пешниҳоди эътилофи барандаи интихоботи парлумонӣ барои таъйини Севил Шайде ба унвони нахуствазири ҷадиди ин кишвар мухолифат карда ва иҷоза надода буд, Шайде ба нахустин зан ва нахустин мусулмон дар ин симат табдил шавад.

  Виктор Понта нахуствазири пешини Руминия пас аз баргузории тазоҳуроти густурда дар эътироз ба оташсӯзӣ дар октябри 2015 дар бошгоҳи шабона, ки 64 қурбонӣ гирифт, аз мақоми худ канорагирӣ кард.