Феврал 21, 2024 19:18 Asia/Dushanbe
  • Чилӣ бар ин назар аст, ки режими саҳюнистӣ ҳаққи таъйини сарнавишти мардуми Фаластинро нақз мекунад
    Чилӣ бар ин назар аст, ки режими саҳюнистӣ ҳаққи таъйини сарнавишти мардуми Фаластинро нақз мекунад

Намояндаи Чилӣ дар Додгоҳи байналмилалии додгустарӣ, режими саҳюнистиро поймолкунандаи муназзами қавонини байналмилалӣ дар навори Ғазза хонд.

Ҷимена Фуэнтес, намояндаи Чилӣ дар Додгоҳи байналмилалии додгустарӣ, мақарраш дар Гаагаи Ҳолланд, дар дувумин ҷаласаи таҳқиқи аъмоли режими саҳюнистӣ дар навори Ғазза дар ин ниҳоди байналмилалӣ ширкат кард.

Ӯ ишғоли сарзаминҳои Фаластинро як амали ғайриқонунии режими саҳюнистӣ арзёбӣ кард.

Ҷимена Фуэнтес дар ин нишасти Додгоҳи байналмилалии додгустарӣ низ гуфт: Чилӣ бар ин назар аст, ки режими саҳюнистӣ ҳаққи ҷудонашавандаи мардуми Фаластин ба таъйини сарнавишт ва дигар меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалиро нақз мекунад.

Ҳудуди сад вакили мудофеи чилӣ, ки аз Фаластин ҳимоят мекунанд, қаблан барои содир кардани ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноёт алайҳи башарият алайҳи режими саҳюнистӣ ба Додгоҳи Байналмилалии додгустарӣ шикоят бурданд.

 

Барчасп