Душанбе , аввали моҳи мубораки Рамазон дар чанд кишвари исломӣ
Март 11, 2024 09:44 Asia/Dushanbe
Теъдоде аз кишварҳои исломӣ душанберо нахустин рӯзи моҳи мубораки Рамазон эълом карданд .
Мусулмонони ҷаҳон барои ризои парвардгори хеш , бо оғози моҳи мубораки Рамазон ба муддати як моҳ рӯзадорӣ мекунанд ва аз азони субҳ то мағриб ( замоне дар ҳудӯди тулӯъ то ғуруби офтоб ) , аз хӯрдан ва ошомидан парҳез мекунанд .
Ба гузориши шабакаи хабарии Ал-Олам , Арабистони Саъудӣ , Қатар , Иморот , Сурия , Лубнон , Фаластин , Туркия ва девони аҳли суннати Ироқ имрӯз душанбеи 11 марти 2024-ро аввалин рӯзи моҳи мубораки Рамазон эълом карданд .Ҷумҳурии Исломии Эрон, Уммон , Австралия , Сингапур , Инданезия , Малайзия , Бруней низ сешанберо аввалин рӯзи моҳи Рамазон эълом карданд .
Барчасп