Коргардони барандаи Оскар ҷинояти Исроилро маҳкум кард
Коргардони яҳудӣ ва барандаи ҷоизаи Оскар ҷиноёти режими наслкуши Исроил дар таҳоҷум ба борикаи Ғаззаро маҳкум кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон , Ҷонатан Глейзер,коргардон яҳудие, ки бо сохти филми "Минтақаи мавриди алоқа" барандаи ҷоизаи Оскари беҳтарин филми дароз дар наваду шашумин давраи ҷоизаҳои ин ҷашнвораи байналамилалӣ шуд, дар маросими эҳдои ҷоиза Оскар бар поёни наслкушии фаластиниён аз сӯи режими ишғолгар қудс дар борика Ѓазза таъкид кард.
Глейзер афзуд, фаластиниён дар Каронаи бохтарӣ ва шарқи Байтулмуқаддас аз соли 1967 таҳти ишғоли Исроил зиндагӣ мекунанд ва бисёре аз ҳуқуқи аввалияи онон поймол шудааст.
Филми олмонизабони "Минтақаи мавриди алоқа", ки дар маҷмӯъ 5 ҷоизаи Оскар касб кард, бар хонаводаи Рудолф Ҳус, фармондеҳи Освентсим тамаркуз дорад.
Ҳус байни солҳои 1940 то 1943 урдугоҳи кори иҷбории Освентсимро идора мекард. Тахмин зада мешавад, ки 1.1 миллион нафар дар онҷо кушта шуданд, ки як миллион нафари онҳо яҳудӣ буданд.
Гурӯҳҳои муқовимати Фаластин ҳафтуми октябри 2023 дар вокуниш ба ҳафт даҳа ҷиноёти ишғолгарони саҳюнист, амалиёти "Туфон-ул-Ақсо"ро аз борикаи Ғазза зидди мавозеъи режими саҳюнистӣ оғоз карданд ва режими ишғолгар низ ин минтақаро ҳадафи ҳамалоти шадиди ҳавоӣ ва заминии худ қарор дод, ки ҳамчунон идома дорад.