Такрори ҷиноёти нажодпарастонаи полиси Амрико зидди сиёҳпӯстон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i113492
Маъмурони полиси Чикагои Амрико як марди сиёҳпӯстро ба далели ҷароими ронандагӣ, бо шиллики гулӯла куштанд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Апрел 12, 2024 20:56 Asia/Dushanbe
  • Неруҳои полиси Чикагои Амрико ба самти ронандаи сиёҳпӯст тирандозӣ  карданд
    Неруҳои полиси Чикагои Амрико ба самти ронандаи сиёҳпӯст тирандозӣ карданд

Маъмурони полиси Чикагои Амрико як марди сиёҳпӯстро ба далели ҷароими ронандагӣ, бо шиллики гулӯла куштанд.

Торнамои хабарии WTTW тибқи филме, ки аз ин ҳодиса дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир шудааст, маъмурони полиси Чикаго мошини ронандаи 26 соларо ба далели набастани камарбанди эминӣ мутаваққиф мекунанд ва бо фарёд аз ронанда мехоҳанд, ки дари мошинро боз кунад, аммо вай ба далоиле номаълум аз ин дастур пайравӣ намекунад ва пас аз он, неруҳои полиси Чикагои Амрико ба самти ронандаи сиёҳпӯст тирандозӣ мекунанд.

Дар ҷараёни ин тирандозӣ, ки неруҳои полис зарфи 41 сония 96 гулӯла шиллик кардаанд, ронандаи 26 сола кушта шуда ва як афсари полис низ захмӣ шудааст.