Таъйиди саломати сайтҳои ҳастаии Эрон аз сӯи Ожонси байналмилалии энержии атомӣ
Ожонси байналмилалии энержии атомӣ дар баёнияе ворид омадани ҳар гуна осебе ба сайтҳои ҳастаии Эронро рад кард.
Дар пайи интишори гузоришҳое аз шунида шудани садои инфиҷор дар Исфаҳон (маркази Эрон), Ожонси байналмилалии энержии атомӣ имрӯз - ҷумъа дар баёнияе навишт: «Ожонси байналмилалии энержии атомӣ таъйид мекунад, ки ҳеҷ хисорате ба сайтҳои ҳастаии Эрон ворид нашудааст».
Дар ҳамин ҳол Рафаэл Груси, мудири кулли Ожонси энержии атомӣ таъкид кард, ки таъсисоти ҳастаӣ ҳаргиз набояд дар даргириҳои низомӣ ҳадаф қарор гиранд.
Соъоте пеш бархе манобеи ғарбиву саҳюнистӣ дар пайи гузоришҳое аз шунида шудани садои инфиҷор дар шаҳри Исфаҳон, муддаии ҳамлаи мушакии Исроил шуда буданд.
Бо ин ҳол мақомоти эронӣ эълом карданд, ки падофанди ҳавоии Эрон ба далели дидани бархе ашёву резпарандаҳо дар осмон, шилликҳоеро дар атрофи пойгоҳи ҳавоии Исфаҳон анҷом додааст.
Ҳамчунин манобеи мувассақ таъкид карданд, ки таъсисоти ҳастаӣ дар устони Исфаҳон дар амнияти комил аст ва гузориши бархе расонаҳои хориҷӣ дар бораи ҳодиса дар ин таъсисот дурӯғ аст.