Худсӯзии як шахс муқобили додгоҳи Трамп
(last modified Sat, 20 Apr 2024 05:55:51 GMT )
Апрел 20, 2024 10:55 Asia/Dushanbe
  • Худсӯзии як шахс муқобили додгоҳи Трамп

Шахсе дар Нию-Йорк муқобили бинои маҳалли баргузории додгоҳи Доналд Трамп-раиси ҷумҳури собиқи Амрико иқдом ба худсӯзӣ кард.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дақоиқе баъд аз таъйини ҳайати мунсифаи додгоҳе, ки қарор аст ба парвандаи Доналд Трамп, раиси ҷумҳури собиқи Амрико дар хусуси пардохти ҳаққи сукут ба як бозигари филмҳои ғайриахлоқӣ расидагӣ кунад, шахсе дар муқобили ин додгоҳ худашро ба оташ кашид.

 Додситонҳои Нию-Йорк эълом карданд, ки Трамп пеш аз интихоботи соли 2016 аз Майкл Коэн, вакили собиқи худ хоста то 130 ҳазор долларро ба унвони ҳаққи сукут дар ивази робитаи ҷинсии вай бо ин бозигар пардохт кунад ва сипас бо сохтакории санадҳои пардохти он, ин рақамро ба унвони хароҷотҳои қонунӣ нишон диҳад.

 Ин дар ҳоле аст, ки Трамп ҳар гуна робита бо бозигари ёдшударо рад кардааст.