Ғалабаи паҳподҳо бар Абрамсҳо: муаммои заъфи силоҳии Амрико дар Украина
(last modified Tue, 23 Apr 2024 09:43:44 GMT )
Апрел 23, 2024 14:43 Asia/Dushanbe
  • Ғалабаи паҳподҳо бар Абрамсҳо: муаммои заъфи силоҳии Амрико дар Украина

Украина аз оғози даргирӣ бо Русия дар маҷмӯъ 796 тонкро аз даст додааст, ки бахше аз онҳо ҳадияшуда аз ҷониби Амрико будаанд.

Ахиран мавзӯъи нобудии силоҳҳои Амрико ба мавзӯи дардисарсоз барои амрикоиҳо дар миёнаи ҷанги Украина табдил шудааст. Дар ин замина Нию-Йорк Таймс навишт: Тонкҳои сохти Амрико дар майдони амалиёти вежаи низомӣ ҳадафи паҳподҳои русӣ қарор гирифта ва нобуд мешаванд.

 Рӯзномаи амрикоии Нию-Йорк Таймс дар матлаб навишт, ки артиши Украина зарфи ду моҳи гузашта панҷ тонки Абрамс худро умдатан ба далели ҳамалоти паҳподӣ аз даст додааст.

Нию-Йорк Таймс дар ин бора навишт, ки набарди ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин дар Украина, ки ҷанги модернро дигаргун карда, талафоти маргбореро бар яке аз қудратмандтарин намодҳои қудрати низомии Амрико – яъне тонк – таҳмил кардааст.

 дар матлаб рӯзнома Нию-йорк Темз омадааст, ки баста ба андоза ва печидаги фановарӣ пҳподҳо, ин пҳподҳо метавонанд ҳадди ақал 500 доллар ҳазина дошта бошанд, ки дар навъ худ сармоя гузори ночизи барои мунҳадим кардан як тонк обромз 10 миллион доллари Америкаии маҳсуб мешавад.

 Ин расонаи амрикоӣ ҳамчунин дар гузориши худ ёдовар мешавад, ки Украина аз оғози даргирӣ бо Русия дар маҷмӯъ 796 тонкро аз даст додааст.

 Ҳамчунин Скот Риттер-бозраси собиқи таслиҳотии Созмони Милал, ки афсари иттилоотии собиқи Амрико ҳам буда, гуфт: Охирин таҷҳизоте, ки барои Украина бо будҷаи Конгресси Амрико харидорӣ мешавад, то моҳи июл тавассути Русия нобуд хоҳанд шуд.

 Ран Ҷонсон, сенатори ҷумҳурихоҳ аз иёлати Висконсин низ дар ин замина фош кард, ки бастаи кумаки ҷадид барои Украина ва дигар кишварҳо, барои Иёлоти Муттаҳида бефоида  арзёбӣ мешавад.

 Ин сенатор гуфт: «Мо ҳамчунон ба раҳну ғорати ояндаи фарзандонамон идома медиҳем, беш аз 900 миллиард доллар барои дифоъ сарф кардаем, аммо ҳар бор, ки иқдомоти дифоъӣ анҷом мешавад, мушаххас мешавад, ки бояд иқдомоти бештаре кунем».

 Вай афзуд, ки авлавият бояд тазмини амнияти марзҳо қабл аз сарфи чунин маблағҳо бошад.