Робитаи нимбӯс ва ихроҷи кормандони Гугл
Гарчи Гугл теъдоде аз кормандони худро ихроҷ кардааст, аммо мӯътаризон ба ҷиноёти Исроил дар ин ширкат, даст аз эътироз ба қарордоди Гугл бо ин режим таҳти унвони "Нимбус" барнадоштаанд ва мегӯяанд барои наслкушӣ кор нахоҳанд кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,ҳудуди як моҳ пеш, Гугл яке аз муҳандисони нармафзори худро ба далели ҳимоят аз Фаластин ихроҷ кард. Ин корманд дар як конфронс бо садои баланд эълом карда буд: «Ман аз сохтани фановарие, ки наслкуширо тақвият мекунад, худдорӣ мекунам».
Сухангӯи Гугл дар бораи иллати ихроҷи ин корманд, бидуни ишора ба моҷарои аслӣ (яъне қатли оми фаластиниён тавассути Исроил) гуфт: «Ин шахс ба хотири дахолат дар як рӯйдоди расмӣ ихроҷ шудааст».
Бо ин вуҷуд кормандони Гугл, дар дафотири шаҳрҳои мухталиф аз ҷумла Нию-Йорк, Сонивил ва Калифорния ба эътирозоти худ алайҳи қарордоди 1 миллиарду 200 миллион доллари ин ширкат бо саҳюнистҳо мавсум ба «Нимбус» (nimbus project) идома доданд.
Гугл низ бо идомаи раванди ихроҷи мӯътаризон ба ҷиноёти Исроил, то кунун беш аз 50 нафар аз кормандони худро ихроҷ кардааст. Тибқи ин қарордод, ки дар соли 2021 имзо шуда, Гугл қарор аст, аз абзорҳои низомии режими саҳюнистӣ пуштибонӣ ва сервисҳои абарроёнаиро барои Исроил фароҳам кунад.
Нуктаи муҳими дигар дар тавофуқномаи Нимбус, дастрасии ин режим ва авомили он дар ширкати Гугл, ба ҳаҷми қобили таваҷҷуҳе аз додаҳо ва иттилооти афрод дар ақсо нуқоти ҷаҳон аст. Ба баёни дигар Исроил аз тариқи пайванди наздик бо ширкатҳое назири Гугл, амалан метавонад ба додаҳои калони ин ширкатҳо даст пайдо кунад ва аз онҳо барои иқдомоти ҷиноӣ ва ҷосусии худ, ба вежа алайҳи миллати Фаластин истифода кунад.
Пеш аз ин оромиши муҳити кор дар Гугл ва шеваи таомул ин ширкат бо кормандонаш, ҳамвора дар афкори умумӣ забонзад буда, аммо акнун Гугл ба хотири Исроил то марҳилаи дастгирӣ бо кормандони худ даргир шудааст.