Юриши полиси Амрико ба донишҷӯёни Донишгоҳи Лос-Анҷелес
(last modified Fri, 03 May 2024 11:19:30 GMT )
Май 03, 2024 16:19 Asia/Dushanbe

Тазоҳуроту таҷаммуи донишҷӯёни ҳомии Фаластин дар Амрико, ҳамроҳ бо саркӯби шадиди полиси ин кишвар ҳамчунон идома дорад.

Ба гузориши хабаргузории “Эрон пресс”, неруҳои полиси Амрико авоили бомдоди рӯзи панҷшанбе ба вақти маҳаллӣ бо вуруд ба саҳни Донишгоҳи Лос-Анҷелеси иёлати Калифорния, зимни бардоштани мавонеи эҷодшуда тавассути муътаризон ба идомаи ҷангафрӯзии режими саҳюнистӣ зидди мардуми Фаластин, бо донишҷӯён даргир шуданд.

Донишҷӯёни Донишгоҳи Лос-Анҷелес ба муддати як ҳафта дар ин донишгоҳ эътироз кардаву полис низ бо ҳушдор ба тарки маҳал, эълом кард, дар сурати вуруд иқдом ба боздошти донишҷӯён хоҳад кард.