«Microsoft» далели ихтилоли ҷаҳонӣ дар роёнаҳоро эълом кард
Ҳазорон корбари «Microsoft», аз ҷумла ширкатҳои расонаӣ, бонкҳо ва хутути ҳавоӣ ба далели ихтилол бо қатъии сервис рӯбарӯ шудаанд. «Microsoft» дар ин баёния далели ихтилолро тавзеҳ додааст.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, корбарони “Windows” шоҳиди сафҳаи обӣ ё ихтилол BSDD буданд, ки сабаб мешавад, системаҳо ба таври ногаҳонӣ хомӯш ё “restart” шаванд. Акнӯн ба назар мерасад як ба рӯзрасонии маъюби ҷадиди нармафзори антивируси ширкати “CrowdStrike” далели ин ихтилол будааст. Дастгоҳҳое монанди роёнаҳо ва телефонҳо аз кор афтодаанд, зеро ба далели нармафзори хароб наметавонанд дуруст фаъолият кунанд.
»Microsoft« дар баёнияе эълом кард: Машғӯли фаъолият аст то барномаҳои мухталиф таҳти таъсири ин рӯйдод, аз ҷумла »Microsoft365« ва сервисҳои дигарро дубора фаъол кунад. Тибқ барӯзрасонии “Service Health Status” дар сафҳаи оператори “Windows” решаи аслии ин ихтилол тағйири пайкарбандӣ дар бахше аз бори абрии роёнаи “Azure” буда, ки боиси эҷоди вақфа байни манобеи захирасозӣ ва роёнаӣ шуд ва ихтилол дар иртибототро дар пай дошт. Ҳамин амр бар хадамоти поиндастии »Microsoft365« вобаста ба ин иттисол таъсир гузошт.
»Microsoft« эълом кард, ин мушкил бар корбароне, ки саъй дар истифода аз барномаҳо ва сервисҳои »Microsoft365« доранд, таъсир мегузорад. Ин ширкат ҳамчунин эълом кард, иқдомоте барои бартараф кардани мушкил дар ҳоли анҷом аст. Сервисҳои Visa, Amazon, ADT security, расонаҳои хабарӣ ва хутути ҳавопаймоӣ, аз ҷумла American Airlines, Delta ва ғайра таҳти таъсири ин ихтилол қарор гирифтаанд.