Август 04, 2024 14:20 Asia/Dushanbe
  • Байден хитоб ба Натаняҳу: Аз беҳуда гуфтан даст бардор

Канали 12 телевизиони режими саҳюнистӣ эълом кард, дар гуфтугӯи телефонии раиси кобинаи режими саҳюнистӣ бо раиси ҷумҳури Амрико, Бойден ба Натаняҳу гуф,т қадрнашинос набош ва аз музахраф гуфтан ба ман даст бардор.

Ба гузориши сервиси байналамилалии хабаргузории Садо ва симо ба нақл аз канали 12 эълом кард, Ҷо Байден ба Бинямин Натаняҳу дар гуфтугӯи телефонӣ дар рӯзи панҷшанбе гуфт аз музахраф гуфтан ба ман даст бардор.

Натаняҳу ба Байден гуфт, Исроил дар ҳоли пешбурди музокирот дар мавриди тавофуқи оташбас ва гаравгонҳост ва ба зуддӣ намояндагонеро барои аз саргирии гуфтугӯҳо эъзом мекунад.

Ба гузориши шабакаи 12, ин изҳор назар дар мавриди ҳамкории Исроил ва Амрико ва эҳтимоли вуқӯъи ҷанги минтақаӣ сурат гирифт.

Ба гузориши канал 12, дафтари Натаняҳу эълом кард, нахуствазири Исроил дар бораи мӯҳтавои гуфтугӯҳои хусусии худ бо раис ҷумҳури Амрико изҳори назар намекунад.

Дафтари нахуствазири Исроил ҳамчунин эълом кард, Натаняҳу дар умури сиёсии Амрико мудохила намекунад ва интизор надорад Амрико дар сиёсати Исроил мудохила кунад.

 

Барчасп