Август 13, 2024 13:51 Asia/Dushanbe
  • Пешравии неруҳои русӣ дар минтақаи Данетск
    Пешравии неруҳои русӣ дар минтақаи Данетск

Вазорати дифои Русия аз ташдиди ҳамалоти неруҳои русӣ дар Данетск ва озодии бахшҳои аз ин минтақа хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Тасс, Вазорати дифои Русия дар баёнияи эълом кард, ягонҳоӣ аз артиши ин кишвари рузи душанбеи рустои Лисичнуия дар минтақаи Данетскро озод карданд .

Пештар низ манобеи хабарии русӣ аз пешравии Русия дар хоки Украин ва ҳамалоти зидди низомиёни украинӣ хабар дода буданд .

Дар ҳамин ҳол, Вазорати дифои Русия эълом кард, неруҳои мусаллаҳи артиши Украини 40 бор ба минтақаи пурҷамъият “Белград“ ҳамла карданд ки дар натиҷаи ин ҳамалоти ҳафт ғайринизоми маҷруҳ шуданд .

Мария Захарова сухангуи Вазорати хориҷаи Русияи рузи якшанбе дар вокуниш ба ҳамлаи густардаи неруҳои украинӣ ба минтақа “Курск“ эълом карда буд ки посухи сахти Маскав ба ҳамалоти ахири неруҳои мусаллаҳи Украин ба хоки Русия зиёд тул нахоҳад кашид .

Минтақа “Курск“ Русияи рӯзи сешанбе 6 август ҳадафи ҳамлаи густардаи Украин қарор гирифт .

Владимири Путин раиси Ҷумҳурии Русияи ҳамлаи Украин ба зерсохтҳои ғайринизомӣ дар минтақаи Курскро маҳкум кард ва онро иқдоми таҳрикомез бузург хонд.

Барчасп