Август 24, 2024 14:34 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди додситони кулли Гаага бар боздошти фаврии Натанёҳу ва Галлант

Саҳоб -Додситон аршади Девони байналмилалии кайфарӣ(ҷиноӣ) (icc) аз қозиёни ин девон хост, ки фавран дар мавриди судури ҳукми боздошти Бинёмин Натанёҳу-нахуствазир ва Йоав Галлант-вазири ҷанги режими саҳюнистӣ иқдом кунанд.

Ба гузориши ИРНА, Карим Хон-додситони Девони байналмилалии кайфарӣ (icc) бо ишора ба ин, ки ин девон салоҳияти расидагӣ ба ҷиноёти ҷангии исроилиҳоро дорад, аз қузоти ин девон хост ҳарчи зудтар дар мавриди боздошти Бинёмин Натанёҳу-нахуствазир ва Йоав Галлант-вазири ҷанги режими саҳюнистӣ тасмим бигиранд.

 Додситони Девони байналмилалии кайфарӣ таъкид кард: Ҳар гуна таъхири бедалел дар расидагӣ ба ин ҷиноёти ҷангӣ, ҳуқуқи қурбониёни ин ҷиноётро зери по мегузорад.

 Карим Хон бо баёни ин, ки далоили мантиқе вуҷуд дорад мабни бар инки Натанёҳу масъулияти ҷиноёти ҷангӣ ва ҷинояти зидди башарият дар сарзаминҳои ишғолии Фаластинро бар ӯҳда дорад, тасреҳ кард: Ҳеҷ мӯҳлате барои қозиёни Девони байналмилалии кайфарӣ дар мавриди тасмимгирӣ барои судури ҳукми боздошти мақомҳои режими саҳюнистӣ таъйин нашудааст.

 Карим Хон ба думболи боздошти мақомоти аршади режими саҳюнистӣ ба далели иттиҳомоти мухталиф аз ҷумла ҳадаф қарор додани барқасдонаи ғайринизомиёни фаластинӣ аст.

 Моҳ гузашта Натанёҳу дар вокуниш ба баррасии ҷиноёти Исроил дар Додгоҳи байналмилалии кайфарӣ ин иқдомотро тавҳин ба таърих хитоб карда буд.

 Аз сӯи дигар ин девон воқеъ дар шаҳри Гаагаи Нидерландия бо 13 раъйи мувофиқ ва 2 раъйи мухолиф ҳукми таваққуфи фаврии амалиёти низомии режими саҳюнистӣ дар гузаргоҳи Рафаҳ дар ҷануби борикаро содир кард ва бозгушоии ин гузаргоҳро барои вуруди кумакҳои башардӯстона ба борикаи Ғазза хостор шуд.

Режими наслкуши саҳюнистӣ аз ҳафтуми октябр 2023 бо ҳимояти ҳамаҷонибаи Амрико ва кишварҳои ғарбӣ, куштори густурдаеро дар борикаи Ғазза ва каронаи бохтарии рӯди Урдун зидди мардуми бедифоъ ва мазлуми Фаластин ба роҳ андохтааст.

 Вазорати беҳдошти Фаластин ҳам ахиран эълом кард, то кунун беш аз 40 ҳазору 265 фаластинӣ дар борикаи Ғазза шаҳид ва беш аз 93 ҳазор нафари дигар захмӣ шуданд.

 

Барчасп