Ҳушдори ҷиддии Владимир Путин ба НАТО дар бораи истифода аз мушакҳои дурбурд дар ҷанги Украина
(last modified 2024-09-13T14:52:05+00:00 )
Сентябр 13, 2024 19:52 Asia/Dushanbe
  • Путин ба НАТО ҳушдор дод
    Путин ба НАТО ҳушдор дод

Раисиҷумҳури Русия ҳушдор дод, Созмони Паймони Атлантик (НАТО) бо таъйиди муҷаввизи истифода аз мушаки дурбурд ба Украина, вориди ҷанг бо Русия хоҳад шуд.

Владимир Путин гуфт, агар кишварҳои ғарбӣ ба Украина иҷоза диҳанд то бо мушакҳои дурбурде, ки ба он додаанд, ба хоки Русия ҳамла кунад, ин ба маънои он хоҳад буд, ки кишварҳои НАТО бо Русия вориди ҷанг шудаанд.

Раисиҷумҳури Русия афзуд: Агар ин тасмим иттихоз шавад, ин ба маънои чизе камтар аз дахолати мустақими кишварҳои НАТО дар ҷанги Украина нахоҳад буд. Ин ба маънои он аст, ки кишварҳои НАТО дар ҷанг бо Русия ҳастанд.

Энтони Блинкен, вазири хориҷаи Амрико рӯзи чаҳоршанбе гуфт, бо раисиҷумҳури Украина ва вазири хориҷаи ин кишвар дар бораи ҳамалот ба хоки Русия бо истифода аз таслеҳоти дурбурд гуфтугӯ кардааст.

 

Барчасп