Колоҳои электронии кадом кишварҳо метавонанд силоҳҳои низомӣ алайҳи масрафкунандагони дигар ҷомеаҳо бошанд?
(last modified Thu, 19 Sep 2024 06:13:59 GMT )
Сентябр 19, 2024 11:13 Asia/Dushanbe
  • Колоҳои электронии кадом кишварҳо метавонанд силоҳҳои низомӣ алайҳи масрафкунандагони дигар ҷомеаҳо бошанд?

Порс тудей - Як устоди донишгоҳ ва фаъоли шабакаи иҷтимои “Х” дар вокуниш ба инфиҷори пейҷерҳо дар Лубнон навишт: Маҳсулоти ширкатҳои ғарбӣ метавонанд алайҳи шумо, хонаводаҳоятон ва атрофиёнатон силоҳ шаванд.

Расонаҳо асри сешанбе аз мунфаҷир шудани чандин дастгоҳи иртиботӣ дар чанд минтақаи Лубнон хабар доданд.

Бар асоси эъломи Вазорати беҳдошти Лубнон дар ин иқдоми террористӣ, 2 ҳазору 750 нафар захмӣ ва 11 тан низ шаҳид шуданд.

Ба гузориши Порс тудей, Сайидмуҳаммад Марандӣ, устоди донишгоҳ ва фаъоли шабакаи иҷтимоии “Х” навишт: «Тамомии ширкатҳои ғарбӣ, тайванӣ, кореяӣ ва ҷопонӣ, ки колоҳои электронӣ ё батареяҳои ҳамроҳ бо занҷираи таъмини худ тавлид мекунанд, комилан ғайриқобили эътимод ҳастанд.  Маҳсулоти онҳо метавонанд алайҳи шумо, хонаводаҳоятону атрофиёнатон силоҳ шаванд. Колоҳои онҳоро нахаред.»

 

Барчасп