Дархости Эрон барои ихроҷи Исроил аз IPU ва муҳокимаи мақомоти исроилӣ дар додгоҳи Нуремберг
(last modified 2024-10-15T04:55:49+00:00 )
Октябр 15, 2024 09:55 Asia/Dushanbe
  • Ҳайати эронӣ дар нишасти Иттиҳоди байнулмаҷолис
    Ҳайати эронӣ дар нишасти Иттиҳоди байнулмаҷолис

Ҳайати порлумонии Эрон дар нишасти Иттиҳоди байнулмаҷолис (IPU) ихроҷи режими Исроил аз ин иҷлос ва муҳокимаи сарони режим дар додгоҳи Нурембергро хостор шуд.

Ҳайати порлумонии Эрон рӯзи душанбе (14 октябр) ба ҳангоми суханронии намояндаи режими саҳюнистӣ толори иҷлосро тарк кард.

Ҳайатҳои порлумонии Алҷазоир, Урдун, Тунис, Туркия ва порлумони арабӣ низ ба нишонаи эътироз толори иҷлосро тарк карданд.

Манучеҳри Муттакӣ, раиси Шӯрои иҷроии байнулмаҷолиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон бо таъкид бар ихроҷи режими Исроил аз нишасти байнулмаҷолиси ҷаҳонӣ гуфт: Сарони ин режим ва фармондеҳони низомиву халабонони кӯдаккуши исроилӣ бояд дар додгоҳи Нуремберг муҳокима ва муҷозот шаванд.

Додгоҳи Нуремберг маҷмӯае аз додрасиҳои низомӣ аст, ки пас аз Ҷанги Ҷаҳонии Дувум ва барои расидагӣ ба ҷиноёти ҷангӣ баргузор шуд.

Яксаду чиҳилунуҳумин иҷлоси байнулмаҷолис (IPU) дар шаҳри Женеваи кишвари Швейтсария бо ҳузури Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон ва соири раисони порлумонҳои кишварҳои ҷаҳон оғоз шуд ва то панҷшанбеи 17 октябр идома дорад.

Иттиҳоди байнулмаҷолис (IPU) дар нақши бозуи порлумонии Созмони Милал, солона ду иҷлоси аслӣ баргузор мекунад, ки руасову соири намояндагони порлумонҳои ҷаҳон дар он ба табодули назар ва тасвиби қатънома мепардозанд.

Мавзӯи гуфтугӯи ин давра аз иҷлос “Истифода аз илм, фанновариву навоварӣ (STI) барои ояндае мусолиматомезтар ва пойдортар” аст ва дар ин иҷлос тамоми ниҳодҳои қонунии IPU, аз ҷумла Шӯрои байнулмаҷолис, маҷмаъ, кумитаҳои чаҳоргонаи доимӣ, семинарҳои намояндагони ҷавону зан ташкили ҷаласа хоҳанд дод.

 

Барчасп