Баргузории озмуни забони форсӣ дар Туркия + ВИДЕО
https://parstoday.ir/tg/news/world-i118064-Баргузории_озмуни_забони_форсӣ_дар_Туркия_ВИДЕО
Озмуни байналмилалии забони форсӣ бо ҳузури форсиомӯзоне аз Туркия ва чанд кишвари ҷаҳон, дар Маркази омӯзиши забони форсии Бунёди Саъдӣ дар Анкара баргузор шуд.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Ноябр 19, 2024 11:31 Asia/Dushanbe

Озмуни байналмилалии забони форсӣ бо ҳузури форсиомӯзоне аз Туркия ва чанд кишвари ҷаҳон, дар Маркази омӯзиши забони форсии Бунёди Саъдӣ дар Анкара баргузор шуд.

Олимпиадаи забону адабиёти форсӣ бо ҳузури 200 форсиомӯз аз Туркия ва кишварҳои мухталифи ҷаҳон, дар Маркази омӯзиши забони форсии вобаста ба Ройзании фарҳангии Ҷумҳурии исломии Эрон дар Туркия, бо ҳадафи дарёфти мадраку таъйини сатҳ баргузор шуд.

Сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Туркия дар ҷараёни боздид аз наҳваи баргузории ин озмун дар Анкара, бо баёни инки ба далели қаробати фарҳангии тамаддуни Эрону Туркия, алоқа ба ёдгирии забони форсӣ дар Туркия рӯ ба афзоиш аст, гуфт: Илова бар Маркази омӯзиши забони форсии Бунёди Саъдии вобаста ба Ройзании фарҳангии Эрон, ки дар тӯли чиҳил соли фаъолият ҳудуди 35 ҳазор алоқаманд ба ёдгирии забони форсиро омӯзиш додааст, риштаи забону адабиёти форсӣ дар донишгоҳҳову марокизи илмии Туркия низ аз истиқболи қобили таваҷҷуҳе аз сӯи донишҷӯёни ин кишвар бархӯрдор аст.