Аз гуруҳҳои вобаста ба НАТО то гуруҳҳои муқовиматгарои мардуми Фаластин
Порс тудей - Як устоди донишгоҳи эронӣ ва фаъоли шабакаи иҷтимоии “Х” дар паёме ба табйини тафкики гуруҳҳои вобаста ба Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) бо гуруҳҳои муқовимат пардохт.
Саидмуҳаммади Марандӣ, устод ва мудири гуруҳи забону адабиёти англисии Донишкадаи мутолиоти ҷаҳонии Донишгоҳи Теҳрон дар паёме навишт: Алқоида, ДИИШ, Ҷавлонӣ ва Бағдодӣ, махлуқоти НАТО ҳастанд, ки умдатан тавассути диктаториҳои хонаводагӣ бо сарвати азими нафту газ таъмин шудаанд.
Ба гузориши Порс тудей, Марандӣ дар идомаи ин паём навишт: Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос), Ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин ва анбуҳе аз ҷунбишҳои муқовимат, сунни мазҳаб ҳастанду фидокориҳои азиме барои мардуми Фаластин анҷом додаанд.