Август 02, 2016 18:05 Asia/Dushanbe
  • 100 миллиард доллар хисорати кудато ба иқтисоди Туркия

Вазири бозаргонӣ ва гумрукоти Туркия гуфт, кудатои нофарҷоми 15-и июл ба иқтисоди ин кишвар 300 миллиард лираи турк (муодили 1000 миллиард доллари Амрико) хисорат задааст.

Ба иттилои пойгоҳи хабарии T-24, Бюлент Тюфекчи, вазири гумрукот ва бозаргонии Туркия имрӯз бо эъломи ин матлаб афзуд: Бо дар назар гирифтани дигар зарарҳои эҳтимолӣ мумкин аст, ин рақам боз ҳам афзоиш пайдо кунад.

Вай гуфт, зарари 100 миллиард долларӣ бар асоси баровардҳои аввалия аз хисоратҳои воридшуда ба ҷангандаҳо, болгардҳо ва таҷҳизот ва низ тахриби сохтмонҳо муҳосиба шудааст.

Тюфекчи афзуд: Бисёре аз супоришҳоихориҷӣ лағв шуда, бисёре аз турҳои мусофирони хориҷии сафар ба Туркия лағв шуда ва чеҳраи як кишвари ҷаҳони севвумӣ аз Туркия дар дунё тарсим шудааст, ки инҳо низ ба зарарҳои Туркия изофа хоҳад шуд.

Вазири гумрукот ва бозаргонии Туркия гуфт, табиӣ аст, шаҳрвандони хориҷӣ бо мушоҳидаи ҳузури танкҳо дар хиёбонҳоиТуркия ва саҳнаи бомбборон дигар ба Туркия сафар намекунанд.

Барчасп