Охирин изҳороту таҳаввулот дар равобити Эрону Русия
Маскав: ба хотири Амрико шуракоямонро раҳо намекунем
-
Александ Алимов, дипломати рус
Порс-Тудей. Вазорати хориҷаи Русия эълом кард, ки ин кишвар ба хотири Амрико аз соири шуракои худ даст нахоҳад кашид.
Музокироти Русияву Амрико дар бораи ҷанги Украина ва равобити дуҷонибаи Маскав ва Вашингтон ҳамчунон идома дорад. То кунун чаҳор даври музокироти мустақим миёни намояндагони ду кишвар дар Риёзу Истанбул баргузор шудааст. Дар ҳамин росто, Русия эълом кардааст, ки Маскав сирфан ҷиҳати азсаргирии гуфтугӯ бо Амрико, шуракои дигари худро фаромӯш нахоҳад кард.
Аз ҷумлаи шуракои аслии Русия, Ҷумҳурии исломии Эрон аст ва дар ҳамин робита раисиҷумҳури Русия рӯзи душанбе қонуни тасвиби муоҳидаи мушорикати роҳбурдии ҷомеъ бо Эронро имзо кард. Ба гузориши “Порс-Тудей”, ба нақл аз Ирна, Александр Алимов, мудири бахши ҳамкориҳои башардӯстонаи чандҷониба ва равобити фарҳангии Вазорати хориҷаи Русия рӯзи душанбе гуфт: Набояд ба хотири ҳамкорӣ бо Амрико, аз шуракои дигари худ ва касоне ки омодаи ҳамкорӣ бо мо ҳастанд, ғофил шавем.
Русия тарафдори ҳалли масоили Эрону Амрико
Аз сӯи дигар, ба гузориши шомгоҳи якшанбеи Ирна, Раҷаб Сафаров, соҳибназари рус низ дар гуфтугӯ бо ин хабаргузорӣ, бо ишора ба раванди музокироти ғайримустақими Эрону Амрико гуфт: Мавозеи мақомоти Русия гуёи он аст, ки ин кишвар тарафдори ҳалли масоили Теҳрон ва Вашингтон аст. Вай дар посух ба ин пурсиш, ки Маскав дар қиболи музокироти Эрону Амрико мавзеи ҳамроҳ, мунфаил ва бетафовут ё муқобил дорад? афзуд: Русия ҳамвора дархост дошта ва бар ин нукта пофишорӣ кардааст, ки таҳримҳои зиддиэронӣ лағв шавад, зеро одисозии вазъияти равобит бо Теҳрон, ба нафъи ҳамаи кишварҳо аст.
Беаҳамият будани нигарониҳои Ғарб нисбат ба равобити Эрону Русия
Муҳсини Покойин, дипломати собиқи эронӣ низ дар хусуси қазовате ки ғарбиҳо аз равобити Эрону Русия ва мувофиқатномаи роҳбурдӣ, ки ахиран ба имзои ду кишвар расидааст, гуфт: Равобити Эрону Русия иртиботе ба Ғарб ва Аврупо надорад. Ин тасмиме аст, ки Эрон иттихоз кардаву нигарониҳои ғарбиҳо дар ин замина барои мо аҳамияти чандоне надорад.
Таъкид бар густариши равобити ғайридавлатии Эрону Русия
Дар ростои густариши ҳамкориҳои Эрону Русия, Меҳдии Саноӣ, мушовири сиёсии раисиҷумҳури Эрон ҳам бо баёни инки равобити Эрону Русия беш аз андоза давлатӣ аст, гуфт: Пойдории ин равобит мусталзими он аст, ки равобити байни бахшҳои ғайридавлатии ду кишвар тақвият шавад.
Баргузории Комиссияи муштараки иқтисодии Эрону Русия
Аз сӯи дигар, қарор аст ҳаждаҳумин нишасти комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодии Ҷумҳурии исломии Эрон ва Федератсияи Русия аз 23 то 25 апрел дар Маскав баргузор шавад. Ин комиссиюн бо ҳадафи тавсеаи ҳамкориҳои Ҷумҳурии исломии Эрон ва Федератсияи Русия ба раёсати Муҳсини Покнажод, вазири нафти Эрон ва Сергей Тсивилев, вазири энержии Русия (руасои Комиссияи муштараки иқтисодии ду кишвар) баргузор мешавад.