Ҳамбастагии намояндагони порлумони Покистон бо Раҳбари инқилоби исломӣ ва мардуми Эрон
(last modified Mon, 23 Jun 2025 07:23:33 GMT )
Июн 23, 2025 12:23 Asia/Dushanbe
  • Ҳамбастагии намояндагони порлумони Покистон бо Раҳбари инқилоби исломӣ ва мардуми Эрон
    Ҳамбастагии намояндагони порлумони Покистон бо Раҳбари инқилоби исломӣ ва мардуми Эрон

Порс-Тудей. Намояндагони порлумони Покистон ҳимояти қотеи худ аз Ҷумҳурии исломии Эрон ва Раҳбари инқилоби исломиро дар баробари таҷовузҳои амрикоӣ - саҳюнистӣ эълом карданд.

Намояндагони порлумони Покистон рӯзи душанбе ташкили ҷаласа доданд ва дар ин ҷаласа ҳимояти комили худро аз Ҷумҳурии исломии Эрон эълом карданд.

Ба гузориши Порс-Тудей, дар саҳни бози Маҷлиси миллии Покистон, намояндагони аҳзоби мухталиф, аз ҷумла Ҳизби маҷлиси ваҳдати муслимини Покистон ва Ҳизби мардум бо дар даст доштани тасовири имом Хоманаӣ, Раҳбари инқилоби исломӣ, зимни ибрози вафодорӣ ва ҳимоят аз эшон, мухолифати шадиди худро бо иқдомоти Амрикову режими саҳюнистӣ эълом карданд.

Ҳамчунин намояндагони Ҳизби таҳрики инсоф бо дар даст доштани баннерҳое, ки бар он шиорҳои «Марг бар Амрико» ва «Марг бар Исроил» нақш баста буд, ҳамбастагии худро бо миллату давлати Эрон ба намоиш гузоштанд.

Биловал Бҳутто Зардорӣ, раиси Ҳизби мардум ва вазири собиқи умури хориҷаи Покистон дар саҳни бози маҷлис бо маҳкумияти таҷовузгарии Амрико ба таъсисоти ҳастаии Ҷумҳурии исломии Эрон, нисбат ба паёмадҳои сукут дар баробари таҷовузоти Исроил ва Амрико алайҳи кишварҳои исломӣ ҳушдор доду гуфт: Режими Исроил бояд маҳор шавад.

Вай таъкид кард: Мо ҳамлаву рӯйкарди якҷонибаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба таъсисоти атомии Эронро ба шиддат маҳкум ва бо миллати Ҷумҳурии исломии Эрон ибрози ҳамбастагӣ мекунем.

Ба тозагӣ низ намояндагони мардуми Покистон дар Маҷлиси миллии ин кишвари қатъномаеро дар маҳкумияти ҳамлаи террористии режими саҳюнистӣ ба Эрон ва ҳамзамон ҳимоят аз давлату миллати Ҷумҳурии исломии Эрон тасвиб карда буданд. Сардор Аёз Содиқ, раиси Маҷлиси Покистон ҳамзамон бо тасвиби ин қатънома гуфт, ки мо ҳаргиз Исроилро ба расмият нахоҳем шинохт.