Қолибоф : Иқдомоти режими Исроил , ёдовари ҷиноёти нозиҳо(фашистҳо)аст/ ҳушдори Амрико ба Чин
https://parstoday.ir/tg/news/world-i121232
Порстудей - Раиси Маҷлиси шӯрои исломии Эрон дар нишасти “Пойбандӣ ба ҳуқуқи байналмилал” иқдомоти режими Исроил дар Ғаззаро ёдовари ҷиноёти нозиҳо(фашистҳо) донист .
(last modified 2025-08-02T02:23:24+00:00 )
Июл 30, 2025 12:51 Asia/Dushanbe
  • Муҳаммадбоқири Қолибоф-раиси Маҷлиси шӯрои исломии Эрон
    Муҳаммадбоқири Қолибоф-раиси Маҷлиси шӯрои исломии Эрон

Порстудей - Раиси Маҷлиси шӯрои исломии Эрон дар нишасти “Пойбандӣ ба ҳуқуқи байналмилал” иқдомоти режими Исроил дар Ғаззаро ёдовари ҷиноёти нозиҳо(фашистҳо) донист .

Муҳаммадбоқири Қолибоф дар нишасти “Пойбандӣ ба ҳуқуқи байналмилал ва маншури Милали Муттаҳид барои тазмини сулҳу амнияти байналмилалӣ”, ки рӯзи сешанбе дар ҳошияи шашумин конфаронси раисони маҷлисҳои ҷаҳон дар Женева баргузор шуд, гуфт : Ҷиноят дар Ғазза , танҳо як буҳрони минтақаӣ нест ва барои тамоми ҷаҳон занги хатар аст .

 Ба гузориши Порстудей , Қолибоф афзуд: Режими саҳюнистӣ , режиме аст, ки бо хунсардӣ ва барномарезӣ ҷиноятеро пеш мебарад, ки гӯйӣ аз кобӯсҳои махуфтарин ҷиноёти таърих берун ҷаҳидааст.

Қолибоф бо баёни инки иқдомоти режими Исроил дар Ғазза ёдовари ҷиноёти нозиҳост, тасреҳ кард : Ҳар лаҳзаи таъхир дар истодани муқобили Исроил ба маънии ширкат дар ҷиноёти нозиҳои қарни 21 аст . Агар нозиҳои қарни бисту якум дар Ғазза пирӯз шаванд , ин оташ ба дигар нуқоти ҷаҳон низ сироят хоҳад кард.

Ҳушдори Амрико ба Чин
Скотт Бесант-вазири хазонадории Амрико рӯзи сешанбе бо дахолати ошкор дар умӯри дохилии кишварҳо эълом кард : Дар ҷараёни музокироти тиҷории Амрикову Чин дар Стокголм , ба мақомҳои чинӣ ҳушдор додааст, ки идомаи хариди нафти таҳримӣ аз Русия ва Эрон мумкин аст боиси эҷоди тарофаҳои сангин то ҳадди 100 дарсад шавад .
Ҳамлаи яманиҳо ба фурудгоҳи Бен Гурион
Яҳё Сариъ-сухангӯи неруҳои мусаллаҳи Яман рӯзи сешанбе дар баёнияе эълом кард, ки ин кишвар дар ҳимоят аз мардуми Фаластин , таи як амалиёти низомии вижа фурудгоҳи Бен Гурион дар минтақаи ишғолии Ёфоро бо мӯшаки балистикии тезпарвози « Фаластин 2 » ҳадаф қарор додааст . Бар асоси ин баёния , амалиёт бо муваффақияти комил анҷом шудааст .
Посухи Медведов ба лафзбозиҳои Грэм
Димитрий Медведов-муовини Шӯрои амнияти Русия рӯзи сешанбе дар посух ба изҳороти Линдси Грэм-сенатори ҷумҳурихоҳи Амрико дар бораи фаро расидани замони ҳузури Маскав дар мизи музокира гуфт : Тасмимгирӣ дар бораи замони ҳозир шудани Маскав дар мизи музокира барои ҳаллу фасли ҷанги Украина , бар уҳдаи Доналд Трамп, раиси ҷумҳӯри Амрико ё ҳеҷ каси дигаре нест.

Мамониат аз вуруди гардишгарони саҳюнист ба соҳилҳои Юнон
Ба дунболи куштори мардуми Ғазза ва мамониат аз вуруди кумакҳои башардӯстона ба Ғазза , мардуми Юнон иҷозаи вуруди гардишгарони исроилӣ ба ҷазираҳои кишварашонро намедиҳанд; мавзӯе, ки ба даргирии онҳо бо полиси Юнон мунҷар шудааст.

Эътирози Албанзе ба нотавонӣ ва сустии Ғарб муқобили ҷиноёти режими саҳюнистӣ
Франческа Албанзе , гузоришгари вижаи Созмони Милал дар умӯри ҳуқуқи башар дар сарзаминҳои ишғолии Фаластин таи паёме дар шабакаи иҷтимоии Х навишт : Нотавонии мутлақи раҳбарони ғарбӣ дар иҷрои ҳуқуқи байналмилал дар қиболи Исроил, ҳамосае аз беамалии онҳост. Вазирон , нахуствазирон , раисони ҷумҳӯри ҳеҷ коре намекунанд , афкорро мунҳариф мекунанд, чанд вазирро таҳрим мекунанд, аммо инҳо иҷрои ҳуқуқи байналмилалӣ нест.
Тавофуқи ширкаткунандагон дар конфаронси Созмони Милал бар лузӯми ташкили кишвари Фаластин
Бар асоси пешнависи баёнияи ниҳоии конфаронси байналмилалии Фаластин дар мақари Созмони Милал дар Нию-Йорк, ки бо ҳадафи пешбурди талошҳо барои дастёбӣ ба роҳи ҳалли мусолиматомез дар масъалаи Фаластин баргузор шудааст , ширкаткунандагон дар бораи лузӯми поён додан ба даргирӣ ва ҷанг ва ташкили кишвари Фаластин тавофуқ карданд.
Лузӯми тақвияти ҳамкориҳои расонаӣ Эрон ва Русия
Козими Ҷалолӣ-сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Маскав  ва Мария Захарова-сухангӯи Вазорати умӯри хориҷаи Русия рӯзи сешанбе дар дидоре бо ишора ба шайтанатҳои расонаӣ барои тахриби равобити ду кишвар , роҳкорҳои муқобила бо ахбори ҷаълӣ ва ҷараёни хабарии мухарриби баррасӣ ва пешниҳодот дар ин хусӯс ироа карданд.
Расвои ахлоқии сафири режими Исроил дар Аморот
Шабакаи 12 режими саҳюнистӣ рӯзи сешанбе фош кард, ки Йоси Шелли-сафири ин режим дар Аморот ва мудири кулли собиқи дафтари нахуствазир , ба далели расвоии ахлоқӣ ба зӯдӣ мақоми худро тарк карда ва ба Тел-Авив боз хоҳад гашт.
Соҳибназари рус : Аврупо салоҳияте барои бозгардондани таҳримҳои Эрон надорад
Лана Ровандии Фидойӣ-донишёри гуруҳи Шарқи муосир ва Африқои Донишгоҳи давлатии улӯми инсонии Русия рӯзи сешанбе дар гуфтугуе эълом кард : Аз манзари ҳуқуқи байналмилал , сегонаи аврупоӣ ( Англия , Фаронса ва Олмон ) салоҳияте барои истифода аз созукори мавсӯм ба Снапбак ва бозгардондани таҳримҳои Эрон надорад .
УНРВА : Ирсоли ҳавоии кумак ба Ғазза пурхатар ва беасар аст
Ҷолити Тома-мудири иртибототи Ожонси имдодрасонӣ ва корёбӣ барои оворагони фаластинӣ ( УНРВА ) гуфт : Ирсоли ҳавоии кумак ба Ғазза пурсару садо ва ҳамроҳ бо таблиғоти фаровон аст , аммо дар амал таъсири чандоне надорад . Ирсоли ҳавоии кумак ба Ғазза оканда аз хатарҳо аст, дар ҳоле ки мошинҳои боркаш имкони интиқоли кумакҳоро доранд.