Бунбаст дар равобити Покистону Афғонистон ба иллати нигарониҳои амниятӣ
https://parstoday.ir/tg/news/world-i122060-Бунбаст_дар_равобити_Покистону_Афғонистон_ба_иллати_нигарониҳои_амниятӣ
Дар ҳоле, ки равобити иқтисодӣ миёни Покистону Афғонистон ҳамвора аз авлавиятҳои ду тараф будааст, аммо масоили амниятӣ бори дигар бар ин муносибот соя андохтааст.
(last modified 2025-09-23T05:35:11+00:00 )
Сентябр 23, 2025 10:35 Asia/Dushanbe

Дар ҳоле, ки равобити иқтисодӣ миёни Покистону Афғонистон ҳамвора аз авлавиятҳои ду тараф будааст, аммо масоили амниятӣ бори дигар бар ин муносибот соя андохтааст.

Ба гузориши Сервиси байналмилалии хабаргузории Садо ва симо аз Исломобод, дар рӯзҳои ахир, афзоиши ҳамалоти террористӣ дар хоки Покистон, нигарониҳои ҷиддӣ эҷод кардааст. Нахуствазири Покистон дар изҳороте сареҳ, таъкид кардааст, ки Кобул бояд миёни ҳамкорӣ бо Исломобод ё гурӯҳҳои террористӣ якеро интихоб кунад.