Кохи Сафед: Мавзуи интиқоли сафорати Амрико ба Байтулмуқаддас дар дасти баррасӣ аст
(last modified 2017-01-23T10:26:16+00:00 )
Январ 23, 2017 15:26 Asia/Dushanbe
  • Кохи Сафед: Мавзуи интиқоли сафорати Амрико ба Байтулмуқаддас дар дасти баррасӣ аст

Кохи сафед эълом кард, мавзуи интиқоли сафорати Амрико ба Байтулмуқаддас дар мароҳили аввалияи баррасӣ аст.

Ба иттилои Ирно, Кохи Сафед якшанбе шаб дар вокуниш ба интишори бархе ахбор дар бораи интиқоли сафорати Вашингтон ба Байтулмуқаддас дар баёнияе эълом кард: Интиқоли сафорати Амрико аз Тел Авив ба Байтулмуқаддас, нахуст бояд мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирад.

Пештар бархе расонаҳои арабӣ ба нақл аз шабакаи дуи телевизиони режими саҳюнистӣ гузориш дода буданд, ки Кохи Сафед рӯзи душанбе интиқоли сафорати Амрико ба Байтулмуқаддасро эълом мекунад.

Трамп дар рақобатҳои интихоботӣ ва ҳамчунин пас аз пирӯзӣ дар интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико ба Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири режими исроил ваъда дод, ки сафорати Амрикоро аз Тел Авив ба Қудси ишғолӣ интиқол хоҳад дод.

Ин изҳороти ҷанҷолии Трамп бо вокуниши бисёр шадиди мақомоти фаластинӣ ва бархе кишварҳои ҷаҳон рӯ ба рӯ шуд.

Шайх Икрима Сабрӣ, хатиби Масҷидулақсо ҷумъаи гузашта интиқоли сафорати Амрико аз Тел Авив ба Қудсро маҳкум карду гуфт, ин кор ба маънои эълони ҷанг на фақат алайҳи фаластиниён, балки алайҳи тамоми мусулмонон аст.

Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо низ ба давлати ҷадиди Амрико дар бораи интиқоли сафорати ин кишвар аз Тел Авив ба Қудс ҳушдор додааст.

 

Барчасп