Тарҳи поёни узвияти Амрико дар Созмони Милали Муттаҳид
Шуморе аз намояндагони Конгресси Амрико бо ироаи тарҳе, поён додан ба узвияти Амрико дар Созмони Милали Муттаҳидро хостор шуданд.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, ин тарҳ дар нахустин ҷаласа аз 115-умин давраи Маҷлиси намояндагони Амрико бо ҳадафи поён додан ба узвияти Амрико дар СММ ироа ва ба Кумитаи равобити хориҷии Маҷлиси намояндагони Амрико ирҷоъ шудааст.
Таърихи ироаи ин тарҳ ба Маҷлиси намояндагони Амрико, сеюми январи соли 2017 аст ва барои иҷроӣ шудан бояд дар Маҷлиси намояндагон ва маҷлиси Сенати Амрико ба тасвиб бирасад.
Тарҳи пешниҳодии ин намояндагон сездаҳ бахш дорад, ки бар асоси бархе бандҳои он, Амрико кӯмакҳои молии худро ба СММ таътил мекунад, тавофуқи Амрико бо СММ дар бораи мақари ин созмон лағв ва ин кишвар аз ҳама созмонҳои зер маҷмааи Созмони милал хориҷ мешавад.
Намояндаи ироа кунандаи ин тарҳ Родҷерс аз иёлати Алабамаи Амрико аст, ки ба ҳамроҳи теъдоде дигар аз аъзои Маҷлис намояндагони ин кишвар ин тарҳро ироа кардааст.