Эътилофи Теҳрон - Маскав – Пекин ва бозтаърифи мувозинаи қудрат дар Ғарби Осиё
Порс Тудей - Як таҳлилгари араб бо ишора ба шаклгирии ҳамкории роҳбурдӣ миёни Эрон, Русия ва Чин, ин ҳамгароиро омиле барои тақвияти тавони боздорандагии Теҳрон, маҳдӯд шудани гузинаи низомии Амрико ва тағйири муҳосиботи амниятӣ дар минтақаи Ғарби Осиё арзёбӣ кард.
Аҳмад Ал Дурузӣ, таҳлилгари ҷаҳони араб бо баррасии таҳаввулоти ахир дар бораи парвандаи ҳастаии Эрон ва таҳаррукоти дипломатии Вашингтон, ақибнишинии Амрико аз гузинаи низомӣ ва тамаркуз бар масири гуфгугуро нишонаи тағйир дар мувозинаи қуво донист.
Ба эътиқоди Ал Дурузӣ, пазириши чорчӯби музокираи маҳдӯд ба мавзӯи ҳастаӣ ва канор гузошта шудани бархе мутолиботи ҳаддиаксарӣ, дар канори фишорҳои кишварҳои минтақаӣ, баёнгари печидатар шудани шароити тасмимгирӣ барои Амрико аст.
Ин таҳлилгар, баргузории қаблии размоиши дарёии муштараки Эрон, Русия ва Чин дар дарёи Уммонро дар чорчӯби шаклгирии шарокати роҳбурдӣ миёни се кишвар арзёбӣ кард; ҳамкорие, ки ба гуфтаи ӯ пас аз таҳаввулоти низомии соли гузашта, шитоб гирифт ва аз манзари геополитӣ паёмадҳое фаротар аз минтақа дорад.
Ба бовари вай, Маскав ва Пекин, Эронро ҳалқае муҳим дар масири каридорҳои тронзитӣ ва тарҳҳои калони иқтисодии худ талаққӣ мекунанд ва ҳамин мавзӯ бар аҳаммияти ҳамкории сеҷониба афзӯдааст.
Дар ин ёддошт ҳамчунин ба “ибҳоми роҳбурдӣ” дар эъломи мафоди ҳамкориҳо ишора шуда ва ин рӯйкарди омилӣ барои афзоиши қудрати боздорандагӣ ва душвор шудани арзёбии тавони воқеии ин меҳвар барои Ғарб тавсиф шудааст. Нависанда муътақид аст, ин ҳамкорӣ илзоман ба маънои паймони дифоии мушобеҳи НАТО нест, балки бештар бар ҳамафзоӣ дар ҳавзаҳои фанноварӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ устувор аст.
Ал Дурузӣ паёмадҳои ин равандро барои режими саҳюнистӣ ва бархе бозигарони ғарбӣ қобили таваҷҷуҳи дониста ва бар ин бовар аст, ки ҳузури ду узви доими Шӯрои амният дар канори Эрон, муъодилоти пешини инзивои Теҳронро тағйир медиҳад.
Таҳлилгари ҷаҳони араб дар ин ҳол таъкид кард, ки пурсиши аслӣ дар бораи мизони омодагии Русия ва Чин барои пардохти ҳазинаҳои як рӯёрӯии густарда ҳамчунон матраҳ аст; мавзӯе, ки ояндаи ин ҳамгароиро дар сатҳи амалӣ таъйин хоҳад кард.