Фаъол рус: Мушакҳои Эрон мутаҷовизонро ба тарсу дуруғпарокани водошта аст
https://parstoday.ir/tg/news/world-i124420-Фаъол_рус_Мушакҳои_Эрон_мутаҷовизонро_ба_тарсу_дуруғпарокани_водошта_аст
Порс Тудей- Фаъоли сиёси иҷтимоъӣ Русия бо таҷлил аз посухи қотеъи мардуми ва низомии Эрон ба таҷовузи душманон ва талоши онҳо барои мудохила дар умури дохлии Эрон гуфт: Мушакҳои Эрон мутаҷовизонро ба тарсу дуруғпарокани водор карда аст.
(last modified 2026-03-14T11:33:35+00:00 )
Март 14, 2026 16:31 Asia/Dushanbe
  • Мушакборони Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тел-Авив
    Мушакборони Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тел-Авив

Порс Тудей- Фаъоли сиёси иҷтимоъӣ Русия бо таҷлил аз посухи қотеъи мардуми ва низомии Эрон ба таҷовузи душманон ва талоши онҳо барои мудохила дар умури дохлии Эрон гуфт: Мушакҳои Эрон мутаҷовизонро ба тарсу дуруғпарокани водор карда аст.

Ба гузориши Порс Тудей, Максим Шефченков фаъоли сиёсӣ ва иҷтимоъӣ Русия шомгоҳи ҷумъа дар ойини шаби Эрон дар хаймаи рамазонии мусалмонони Маскав хотирнишон кард: Эрон имруз ҳадафи ҳамлаи неруҳои шари мутлақ қарор гирифта аст ва мо шоҳиди муқовимати дурахшони ин кишвар дар баробари душмани шайтони ҳастем ин фаъоли сиёсӣ иҷтимоъӣ Русия афзуд: Размандагони эронӣ, ки ба суи "душмани шайтонӣ" мушак партоб мекунад ва мутаҷовизони ба хоки худро ба тарсу ларз ва дуруғпароканӣ водор мекунанд бовари дошта бошед, ки пирузи аз они шумо аст душман шикаст хоҳад хурд ин ваъдаи Худованд аст.

Муфти Равшан Абясов муовини аввали идораи динии мусалмонони Русия низ дар ин ойин аз ин ки Ҷумҳурии Исломии Эрон бо вуҷуди мувоҷиҳа бо таҷовузи бесобиқаи низомии зидди худ ҳамчунон дар усули худ дар ҳимоят аз мусалмонон ва мазлумон вафодор монда аст қадрдонӣ кард ин олими динии аҳли тасануни Русия дар идома шаҳодати ҳазрати оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ раҳбари муаззами инқилоби исломиро таслият гуфту изҳор кард: Мо ҳамвора аз ишон ба эҳтиром ёд мекунем.