Январ 31, 2017 13:01 Asia/Dushanbe
  • Сахтгирии Амрико дар масъалаи раводид ба русҳо ҳам расид

Ҳамзамон бо иҷрои фармони зиддимуҳоҷиратии Доналд Трамп алайҳи шаҳрвандони ҳафт кишвар, Амрико қарордоди соли 2012 бо Русияро дар заминаи осонсозӣ дар судури раводид барои атбои рус якҷониба тағйир дод.

Ба гузориши ИРНА, шабакаи телевизионии “Дожд”-и Русия рӯзи сешанбе эълом кард, шаҳрвандони рус, ки то чаҳор сол пас аз охирин сафари худ ба Амрико метавонистанд бидуни тай кардани мароҳили тӯлонӣ ва мусоҳибаи амниятии дубора раводид дарёфт кунанд, дигар наметавонанд аз ин имкон баҳраманд шаванд.

Бар асоси эъломи як мақоми Сафорати Амрико, ки ба номи вай ишорае нашуда, давлати Амрико дарёфти раводид бидуни мусоҳибаи амниятиро барои шаҳрвандони рус аз чор сол ба як сол коҳиш додааст.

Ҳанӯз Русия дар баробари ин иқдоми Амрико, ки тағйири асосӣ дар қарордоди соли 2012 байни ду кишвар ва тақрибан лағви он ба шумор меравад, изҳори назаре накардааст.

Трамп, раиси ҷумҳурии ҷадиди Амрико рӯзи ҷумъаи гузашта вуруди шаҳрвандони Эрон, Ироқ, Сомалӣ, Судон, Сурия, Яман ва Либияро барои муддати 90 рӯз ба хоки Амрико мамнуъ кард, ки ин тасмим эътирозҳои густурдаи дохилӣ ва хориҷиро дар пай доштааст.

 

Барчасп