Январ 31, 2017 19:54 Asia/Dushanbe
  • Зани серб муттаҳам ба қатли даҳҳо зиндонии мусалмон дар ҷанги Босния

Додситони вижаи ҷиноятҳои ҷангӣ дар Босния эълом кард, ки як зани серб муттаҳам ба қатли 37 мусалмони зиндонии босниягӣ дар оғози ҷанги соли 1992 то 1995 Босния шудааст.

Ба иттилои Sky News, дар баёнияи додситони вижаи ҷароими ҷангии Босния омадааст: Висня Ачимовичи 44 сола маъруф ба Беба, муттаҳам ба иртикоби ҷиноят алайҳи ғайринизомиён ва рафтори зидди ҳуқуқи башарӣ аст ва мафоди муоҳидаи Женева дар бораи рафтор бо зиндониёнро зери по гузоштааст .

Ин зани серб муттаҳам шудааст, ки аз рӯи қасду огоҳӣ ба ҳамроҳи як сарбози серб, 37 мусалмони дарбандро дар шаҳри Власенитса дар июли 1992 ба қатл расондааст .

Бар асоси гузориши дастгоҳи қазоии Босния, ин зани серб ба ҳамроҳи як низомии дигар, зиндониёнро дар автобусе аз зиндони Власенитса ба маҳалли куштор мунтақил ва онҳоро тирборон кардааст .

Бино бар эъломи додситони вижаи ҷиноятҳои ҷангии Босния, аҷсоди ин қурбониёни хушунати сербҳо дар соли 2000 кашф шуд .

Байни солҳои 1992 то 1995 беш аз 100 ҳазор тан, ки аксаран мусалмон буданд, дар наслкушӣ ба дасти нажодпарастони серб дар шарқи Югославияи собиқ кушта шуданд .

 

Барчасп