Феврал 11, 2017 13:26 Asia/Dushanbe
  • Чиниҳо муҳоҷират намекунанд

Натоиҷи як баррасӣ нишон медиҳад, ки беш аз 90 дарсад аз афроди сарватманд ва бисёре аз афроди табақаи мутавассит дар Чин ба далели шароити иқтисодии хуби кишваршон тамоиле ба муҳоҷират надоранд.

Ба гузориши ИРНА, тозатарин назарсанҷӣ дар Чин гӯёи он аст, ки сарватмандони чинӣ ба далели хушбин будан ба ояндаи иқтисодии кишвари худ алоқае ба тарки Чин надоранд. Ин назарсанҷӣ, ки дар шаш моҳи гузашта дар миён сарватмандону афроди табақаи миёна дар Чин анҷом ва натоиҷи он ба тозагӣ дар торнамои «Ян тси»-и Чин мунташир шудааст, нишон медиҳад, 90 дарсади афроде, ки беш аз 10 миллион юан (наздик ба як миллиону 400 ҳазор доллар) сарват доштаанд, тамоюле барои муҳоҷират аз Чин надоранд. Ҳамин назарсанҷӣ нишон додааст, ки мардуми одии Чин ҳам дигар алоқаи камтаре ба муҳоҷират нисбат ба солҳои қаблӣ доранд ва дар кишвари худашон касбу кор доштанро беҳтар аз ҳиҷрат медонанд.

Ин дар шароите аст, ки дар солҳои қабл муҳоҷират дар миёни афроди мухталиф, аз ҷумла қишрҳои сарватманд дар Чин бисёр мавриди таваҷҷуҳ буд.

 

Барчасп